logo

иқтисод

ХУШКСОЛӢ. ЗАРАРИ КАМБОРИШӢ ҶУБРОНПАЗИР АСТ

Солҳои охир бар асари тағйирёбии иқлим хушксолӣ ва дигар офатҳои  вобаста ба гармшавии иқлим дар минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон  афзоиш ёфта истодааст. Камбориш омадани зимистону аввали баҳор имсол ба кишвари мо низ таъсири манфӣ расонда, зироаткорону чорводоронро ба ташвиш овард. Нашъунамои зироатҳо дар заминҳои лалмӣ суст шуда, алафи чарогоҳҳо, хусусан дар ноҳияҳои вилояти Хатлон барвақт хушк шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи мушкилӣ аввали моҳи июни соли равон ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғара сафар намуда, ба масъулон дастур доданд, ки бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби ҳашарчиён маъракаи дарави алафҳои табииро вусъат бахшанд ва захирасозии хӯроки чорворо барои давраи зимистон муташаккилона ба роҳ монанд.
Ба гуфтаи масъулони соҳа, камборишӣ ва хушксолии имсола бештар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро фаро гирифт. Аз суҳбат бо чорводорони минтақа маълум гардид, ки онҳоро ҳолати ба вуҷудомада ба ташвиш андохтааст.
Ҷамшед Шарифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Данғара, гуфт, ки воқеан, камборишии аввали баҳори имсола барои ҳосили алафи худрӯй ва хӯроки чорво таъсири худро расонд. Аз мушкилии хушксолӣ сокинони қисмати ғарбии ноҳия - деҳоти Лоҳур ва Сангтӯда бештар зарар диданд. Дар ин мавзеъҳо алафи худрӯй ва ғалладона аз ҳисоби гармӣ ба пуррагӣ сӯхтаанд. Барои захира хӯроки чорво аз дигар ҷойҳо оварда мешавад.
- Аммо боришоти минбаъда дар дашту кӯҳсори салқин нагузошт, ки алафи худрӯй хушк шавад. Дар натиҷа дар ин ҷойҳо заминҳо ҳатто нисбат ба солҳои қаблӣ сералафтар шуданд. Ҳоло қади алаф дар ин мавзеъҳо ба 1,5 метр мерасад. Дурнамои захираи хӯроки чорво дар ноҳия 102 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Алҳол бештар аз 10 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст. Мавсими дарав ва ҷамъоварии хӯроки чорво вусъат меёбад ва бовар дорем, ки ноҳия нақшаи худро барзиёд иҷро намуда, ҳатто ба шаҳру ноҳияҳои гирду атроф низ ёрӣ мерасонад, - гуфт Ҷ. Шарифзода.
Аз суҳбат бо чорводорон маълум гардид, ки ба хушксолӣ бештар қисмати ғарбии минтақаи Кӯлоб ва минтақаи Бохтар мувоҷеҳ шудаанд. Аҳлиддин Абдулмуминзода, муовини аввали раиси шаҳри Левакант, гуфт, ки барои баромадан аз ин ҳолат ва талаф наёфтани чорво хӯрокаи онро аз заминҳои иҷоравӣ, ки дар ноҳияи Данғара мавҷуданд, захира карда истодаанд.
Меҳнатулло Сироҷов, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, изҳор дошт, ки ба чорводорони вилоят барои таъмини алафи тару тоза ва гирифтани маҳсулоти дилхоҳ истеҳсолу захира намудан ва истифодаи намудҳои маъмули хӯрокиҳоро тавсия додаанд. Ҳамчунин, дар  асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои бартараф намудани норасоии хӯрокаи чорво тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Мушкилии норасоии хӯрокии чорво дар минтақаи Бохтар аз ҳисоби дигар шаҳру ноҳияҳои баландкӯҳ ҷуброн карда мешавад. Барои эҳсос накардани камбудии хӯроки чорво кишти зиёди ғалладона, юнучқа ва ҷави силосро ба нақша гирифтаем.
- Ҳоло ки мавсими рондани чорво ба чарогоҳҳои тобистона фаро расидааст, мутахассисони соҳаи чорводориро барои омода намудани роҳҳои чорвогузар, майдонҳои дамгирии чорво ва таъсиси нуқтаҳои назорати байторӣ сафарбар намудаем. Корҳои зарурӣ дар ин самт хуб ба роҳ монда шудаанд. Чорвои вилоят дар ин чарогоҳҳо муддати ҳафт моҳ мечарад, - гуфт М. Сироҷов.
Сафар Аҳлиддинзода, муовини аввали раиси ноҳияи Кӯшониён, гуфт, ки имсол чарогоҳҳои ноҳия аз хушксолӣ зарари зиёд дидаанд. Алҳол чорворо барои чарондан ба чарогоҳҳои шимоли Тоҷикистон бурдаанд. Дар роҳ аз мушкилии беалафӣ беш аз 260 сар моли майда талаф ёфт. Барои бартараф кардани мушкили ҷойдошта бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва иштироки олимон, мутахассисон, масъулон ва чорводорони ноҳия семинар - машваратҳо гузаронда шуданд. Ба чорводорон фаҳмонда шуд, ки моли худро ба фурӯш нагузоранд.
Дар шаҳри Бохтар норасоии хӯроки чорво эҳсос намешавад. Шаҳр дорои 200 гектар замин буда, дар зиёда аз 70 гектари он ғалла кишт гардидааст.
Тавре Файзулло Амиршоев, директори Институти чорводории АИКТ, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, ба чорво хӯрокиҳои ширадор ва сабз, аз қабили алафи табиӣ, юнучқа, ҷуворимакка, силос, тарбеда, бехмеваҳо, хӯрокҳои полизӣ додан фоидаи калон дорад. Ин хӯрокиҳо моли калон ва майдаро фарбеҳ намуда, онро солим нигоҳ медоранд.
Мутахассисони соҳа бар онанд, ки барои бартарафсозии ҳолати ногувори баамаломада чарогоҳҳои тобистонаро самаранок истифода бурдан лозим аст. Таъминоти пурраи хӯроки чорво барои давраи зимистону тирамоҳ аз ҳисоби кишти зироатҳои лӯбиёгӣ ва хӯшадор низ имконпазир аст. Азбаски чарогоҳҳо барои чорво манбаи асосии хӯроки сабзи арзон ва серғизо мебошанд, онҳоро бояд бо низоми муайян истифода бурд. Масалан, усули чарогоҳгардонро ҷорӣ намудан зарур аст. Аз чор як қисми чарогоҳро ба муддати як ҳафта чаронда, баъд чорво бояд ба қисми дигари чарогоҳ гузаронда шавад. Дар сурати чунин тарзи истифодаи чарогоҳ қисми аввали он барои чарондани минбаъда тайёр мешавад, ҳамчунин, эрозияи майдони чарогоҳ ба вуҷуд намеояд. Истифодаи нуриҳои минералӣ низ омили серҳосилии зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Мутаассифона, ҳоло нуриҳоро дар заминҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво хеле кам истифода мебаранд ва ҳатто дар аксар маврид нурӣ андохта намешавад.
Коршиносони соҳа обёрӣ нагардидани заминҳои чорвочарониро яке аз сабабҳои таъсиргузор ба пешрафти соҳа медонанд. Баъзе чарогоҳҳои зимистонию баҳорӣ қариб манбаъҳои обҳои табиӣ надоранд. Бинобар ин, барои муҳайё намудани заминаи устувори хӯроки чорво ба роҳ мондани обёрии чарогоҳҳо ниҳоят зарур аст. Амалӣ гардондани тадбирҳои мазкур имкон медиҳад, ки ҳосили чарогоҳҳои зимистонию баҳорӣ бамаротиб афзояд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2018    №: 118    Мутолиа карданд: 508

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед