logo

фарҳанг

ТОҚИИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ТОҶИКОН

Тоқиву тоқидӯзӣ дар байни тоҷикон аз қадим роиҷ буда, аҳамияти худро гум накардааст. Дар ҳар манотиқи ҷумҳурӣ тоқиҳои ба худ хосро мепӯшанд, ки онро бонувони чирадаст кашидадӯзӣ мекунанд.
Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бештар тоқиҳои гирдак тайёр мекунанд, ки бо нақшҳою рангҳои назаррабо оро ёфтаанд. Вақтҳои охир дар гирди тоқӣ бо риштаҳои ранга номвожаҳои «Кӯлоб», «Тоҷикистон», «Тоҷик» - ро кашидадӯзӣ карда,  бо пӯпакҳо оро медиҳанд.
Дар Бадахшон тоқиҳои гирдаки сурхрангро меписанданд, ки ин бештар ба занон хос аст.  Мардони бадахшонӣ низ тоқиҳои бахмалии сурху сабз мепӯшанд, ки нақшу нигори вижа доранд.
Ҳунармандони шаҳри Исфара тоқиҳои чоргул медӯзанд. Садсолаҳост, ки нақшу нигори тоқиҳояшонро дигар накардаанд.  Бинобар  ин, ҳар марди исфарагиро  зуд аз тоқияш шинохтан мумкин аст.
Тоқиҳои қадимаи Истаравшанро тӯпии ироқии гулдӯзӣ меноманд. То солҳои 60 - уми асри гузашта аксари мардон чунин тоқиҳои зеборо ба сар доштанд. 
Дар бачагӣ ҳавас мекардем, ки ҳамин хел тоқӣ дошта бошем. Боре ба ҳавлиамон яке аз тоқидӯзони номӣ – Ҳикоятбону омада, аз падарамон хоҳиш карданд, ки барояшон сандуқе созанд. Падарамро дар шаҳр усто Маҳкамбойи сандуқсоз мегуфтанд. Қиблагоҳ аз Ҳикоятбону хоҳиш карданд, ки ба ивази дастмузди сандуқ ба писаронам тоқӣ дӯзед. Ҳикоятбону розӣ шуданд ва ҳамин тавр мо соҳиби тоқии нави ироқӣ гаштем, ки онро танҳо дар рӯзҳои ид мепӯшидем.
Шакли дигари тоқӣ чоргул буда, дӯхташ осонтару нархаш нисбатан арзон буд. Онро бештар мардони калонсолу миёнсол  мепазируфтанд.
Ҳоло ҳам дар Истаравшан бо ин касби пуршараф занони ҳунарманд машғуланд. Яке аз онҳо Саодатхон Раҳимова буда, бо тоқиҳои зебову шинам ва хушдӯхташ борҳо ғолиби озмуни вилоятиву ҷумҳуриявии «Ҳунарманди беҳтарин» гаштааст. Дар қатори 30 бонуи вилоят, ки ба гирифтани гранти раиси вилояти Суғд сазовор гардиданд, Саодат Раҳимова низ 5 000 сомониро ҳамчун ҳунарманди хонакор соҳиб шуд.
Саодатбону аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли ҳунар ва эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле шод гашта, ният дорад, ки ба якчанд духтарони шаҳр касби худ-ро омӯзонад ва онро сайқал диҳад. Зеро аз насл ба насл гузоштани ҳунарҳои мардумӣ рисолати занони ҳунарманд ва ватандӯсти миллат аст.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 180

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед