logo

ҳуқуқ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ҶАВОНОН БОЯД САБАҚҲOИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО ОМӮЗАНД"

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳамеша дар маркази  таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Тӯли қариб 27 соли Истиқлолияти давлатӣ Президенти кишвар панҷ маротиба бо ҷавонон мулоқот анҷом доданд, ки дар онҳо масъалаҳои зиёди ҳаёти наврасону ҷавонон мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтаанд.

Нахустин мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонон ҳангоми Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 дар шароите доир гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол шинохта мешуд. Дар ҳамин шароит, чун аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷавонон буданд, ҷалби насли ҷавон ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва беҳтар гардондани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар мувофиқи мақсад буд.
Баъдан, 23 майи соли 1997, 16 майи соли 1998, 21 майи соли 2005 ва 13 майи соли 2013 ва соли 2017 ба ифтихори Соли ҷавонон Президенти кишвар бо ҷавонон мулоқотҳо баргузор намуданд.
Дар як мулоқот Президенти мамлакат бевосита таъкид намуда буданд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Зимни ин мулоқотҳо ҷавонон бо дарки масъулият қавл доданд, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ мекунанд ва дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ саҳмгузор мешаванд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, 12 майи соли ҷорӣ, бори дигар таъкид карданд: «Дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад».
Чуноне ки таҳлили ҳодисаҳои кишварҳои ҷангзада шаҳодат медиҳанд, гурӯҳҳои манфиатхоҳ барои татбиқи мақсадҳои ғаразноки аз ин се қишри ҷомеа истифода мекунанд: аввалан, ҷавонони аслан камсаводу ҷаҳонбиниашон ғайриилмию маҳдуд; сониян, баъзе пешвоёни дин, ки дар гузашта аксаран ба ҳамин қишри ҷавонон мансуб буданду  тадриҷан аз он сабзидаанд; солисан, қисмате аз пешвоёни дин, ки ҳарчанд соҳибмаълумоту аз ҳаводиси сиёсии ҷаҳон огаҳанд, вале ба хотири манофеи дунявии худ бо қурбон сохтани манофеи халқу миллату давлату дин ба ҳама гуна аъмоли зишту ғайриинсонӣ қодиранд.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ ва эҳтироми таърихи миллат диққати махсус дода, ҷавононро доим таъкид менамоянд, ки аз фаъолияти созанда ва содиқонаи насли калонсоли бун-нёдкор ибрат гиранд.
Сабаби ёдовар шудани ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон танҳо як чиз аст. Мо ҳамарӯза дар муассисаҳои ислоҳӣ бо ҷавонони гумроҳу ҷинояткор сару кор дорем. Вақте аз саргузашти талхи онҳо воқиф мешавем, маълум мегардад, ки аз таҳсил, тарбия, корҳои ҷамъиятӣ ва меҳри гарми волидон бебаҳра монда, даст ба ҷиноятҳои гуногун задаанд. Пас аз содир кардани кирдори ношоиста пушаймонанд ва ба чеҳраҳои хандони донишҷӯёну мактаббачагони кӯча бо ҳавасу ҳасрат менигаранд. Аз ин сабаб, аз ҳар як падару модар даъват ба амал меорем, ки пеш аз таъмини шароити бодабдаба ва мусоидат ба зиёдаравии фарзандонашон ба таълиму тарбияи онҳо бештар таваҷҷуҳ кунанд. Зеро маҳз меҳру муҳаббат ва донишу одоби худи волидайн фарзандро чун инсони комил метавонад ба воя расонад.
Рустам АЗИЗЗОДА,
ёрдамчии калони  прокурори назорати  иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ  ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 38

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед