logo

иҷтимоиёт

РАШТ. 120 МАЙДОНУ ТОЛОРИ ВАРЗИШ БУНЁД ХОҲАД ШУД

Варзиш як рукни муҳими тарзи ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ намудани давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ривоҷу равнақи ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, маблағгузориро ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сол ба сол беҳтар менамояд.
Дар ноҳияи Рашт масъалаҳои рушди варзиш, дастгирии варзишгарон, бунёду азнавсозии майдонҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор доранд. Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳия, зимни суҳбат  бо хабарнигори «Ҷумҳурият»  андешаҳояшро дар ин маврид чунин баён намуд:
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Ватани азизамон соҳаи варзиш низ рушду такомул ёфта, барои варзишгарони тоҷик имконият фароҳам омадааст, ки дар мусобиқаҳои гуногуни  сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Футбол аз маъмултарин ва сермухлистарин намудҳои варзиш ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ин намуди варзиш босуръат рушд ёфта, насли ҷавон ба он ҳавасмандии хосса зоҳир менамояд.
Махсусан ташкил гардидани федератсияҳои футбол дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои боз ҳам рушду инкишофи ин намуди варзиш дар саросари кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.  Дар ноҳияи мо «Барномаи  рушди футбол дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2017 – 2021» таҳия ва бо қарори раиси ноҳия тасдиқ гардидааст, ки баҳри оммавигардонии футбол ва рушди он дар ноҳия нақши муассир гузошта истодааст.
Давоми як соли амалисозии барнома 28 мусобиқаи байнидеҳавӣ, 14 мусобиқаи ноҳиявӣ ва 3 мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол баргузор гардид.
Чанде пеш барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол доир гардид, ки дар он 12 даста аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ширкат варзиданд. Дастаи футболи ҷавонони ноҳия - «Рашт» дар  ин мусобиқа ҷойи аввал ва ҷомро ба даст овард.
Таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат аст, ки  дар саросари ҷумҳурӣ сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ вусъат ёфта, сиҳатмандии ҷомеа, тарғиби тарзи солими ҳаёт ва оммавигардонии варзиш, бахусус футбол, аҳамияти хосса касб намудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дарки масъулият масъалаи дастгирии ҷавонон ва рушди соҳаи варзишро дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додааст. Танҳо тайи як соли охир 120 қарори раиси ноҳия оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ба тасвиб расид, 33 майдончаи варзишӣ  мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, бунёд ва азнавсозии 2 толору 87 майдончаи варзишӣ идома дорад. Майдони марказии ноҳия пурра аз таъмир бароварда, дар чор даромадгоҳи он дарвозаҳои оҳанин насб карда шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари иқдомоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкилоту массисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия низ  ба рушди варзиш аҳамияти калон медиҳанд. Соҳибкорони саховатпеша варзишгарони дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкаткунандаро сарпарастӣ менамоянд, ҳамчунин, дар бунёду азнавсозии майдончаҳои варзишӣ саҳм мегузоранд.
Бунёди толору майдонҳои варзишӣ дар ҳар як маҳали аҳолинишини ноҳия, дастгирии варзишгарон ва ҳавасмандсозии онҳо аз як тараф ба оммавишавии варзиш ва ривоҷи тарзи солими ҳаёт мусоидат намояд, аз тарафи дигар дар тарбия намудани ҷавонони солиму ватандӯст нақши бориз хоҳад гузошт. Тавре мегӯянд, дар ҷисми солим рӯҳи солим ба воя мерасад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 47

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед