logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИСТОН. РУШД ДАР ФАЗОИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Соли 2020 ба таъсисёбии ноҳияи Шаҳристон 30 сол пур мешавад. Маҳз  ба шарофати соҳибистиқлолӣ ноҳия ободу зебо, иқтисодиёташ пешрав ва рӯзгори мардум беҳтар мешавад. Сокинони ин мавзеи кӯҳистони кишвар фардои диёри хешро рангину мусаффо мебинанд.

Бо бунёди иншооти зиёди дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ солҳои охир маркази ноҳия, воқеан, ба як маркази маъмурии муосир мубаддал гардидааст.  “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020” ва татбиқи дигар барномаҳои вилоятию кишварӣ шароит фароҳам оваранд, ки сол ба сол рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия вусъат ёбад. Ҳаҷми маҷмӯи  маҳсулоти дохилии ноҳия соли гузашта ба 223 миллиону 849 ҳазору 800 сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 26 миллиону 306 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Натиҷаи фаъолияти чор моҳи хоҷагии халқи ноҳия низ умедбахш аст:  маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия  21 миллиону 605 ҳазору 900 сомониро ташкил дод. Ва, табиист, ки ин пешравӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон -  зиндагии шоистаи аҳолии мамлакат мусоидат мекунанд.                             
Зиёда аз 70 дарсади неруи меҳнатии ноҳия дар соҳаи кишоварзӣ шуғл меварзанду ризқу рӯзӣ меёбанд. Истеҳсоли картошка, мева ва хӯроки чорво соҳаҳои асосии кишоварзианд.
- Дар мавсими имсола ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка, ки аҳамияти муҳими содиротӣ дошта, ба болоравии иқтисодиёти ноҳия такон бахшида метавонад, масоҳати кишти  он қариб ду маротиба васеъ карда, ба 1500 гектар расонда шуд, - мегӯяд Умарҷон Ёқубзода, раиси ноҳия. Агар парвариши он мутобиқи талаботи агротехникӣ роҳандозӣ ва сари вақт бо нуриҳои минераливу об таъмин карда шавад, аз ҳар гектар на  кам аз 300 - сентнерӣ ҳосил бардошта, истеҳсоли картошкаро то 50 ҳазор тонна расондан имконпазир аст.  Шаҳристон миёни аҳолии вилояту кишвар бо мева, хосса себҳои болаззату аз лиҳози экологӣ тозааш, машҳур гардидааст. Аз масоҳати умумии 958 гектар боғи мавҷуда 520 гектараш ҳосилдеҳ аст. Бори нахуст дар ноҳия дар масоҳати 8,5 гектар боғи интенсивӣ бунёд ёфт. Дар оянда  истеҳсоли себро то ба 1,5 - 2 ҳазор тонна расонда, аз ҳисоби фурӯши он ба минтақаҳои кишвар ва хориҷи он манфиати хуби иқтисодӣ бардоштан мумкин аст.
Мавқеи ҷуғрофии ноҳия барои рушди соҳаи чорводорӣ низ мусоидат мекунад. Бино ба иттилои Шавкат Бектӯраев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, солҳои охир саршумори чорвои калону майда меафзояд, наслгирӣ низ хуб ҷараён дорад. Истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар ноҳия нисбат ба соли 2016 афзудааст. Имсол  наслгирӣ аз сад чорвои калони шохдор ба 39 - сарӣ ва чорвои майда ба 97 - сарӣ расонда шуд. Саршумори асп ба 206 сар расидааст. Бо афзоиши саршумори чорво дар ояндаи наздик бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ  метавон коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти ширу гӯштиро ба роҳ монд.
Айни ҳол дар ноҳия 7 корхонаи хурди саноатӣ фаъолият дорад.
-Тасмим гирифтаем, ки  солҳои наздик бо ҷалби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия як корхонаи калони истеҳсоли семент бунёд кунем, - иброз дошт раиси ноҳия. - Ҳоло ҳуҷҷатгузории ин лоиҳа идома дорад. Ҳам ҷои корӣ барои ҷавонони ноҳия пайдо мешаваду ҳам аз содироти маҳсулот ба минтақаҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя манфиати хуби иқтисодӣ ба даст меояд. Пурра дастрас будани ашёи хом дар ҳудуди ноҳия бартарии ин лоиҳа аст. Ҳамчунин, бунёд намудани як силсила коргоҳҳои хурди истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураи мева низ  дар назар аст. Ҳоло сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот идома дорад.
Як  самти муҳими рушди ноҳия, бешубҳа, сайёҳӣ мебошад. Шаҳристон на танҳо бо табиати зебову нотакрор, майдонҳои нопайдоканор, анбӯҳи арчазорони сарсабз, ҷангали  пур аз ҳайвоноту парандаҳо, меваю гиёҳҳои шифобахш ва чашмаҳои мусаффо, балки, ҳамчунин, бо ёдгориҳои қадимии фарҳангию таърихии асрҳои IV - VIII милодӣ, аз қабили Қалъаи Қаҳқаҳа, кӯшкҳои Чилҳура ва Ӯртақӯрғон, Тирмизактеппа, аксҳои рӯи девори қалъа, бавижа акси модагург, ки ҷаҳониёнро тасхир кардааст, миёни сайёҳону муаррихон машҳур аст. Бовар аст, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба рушди бахши сайёҳӣ дар ноҳия такони тоза мебахшад. Ҳоло ба хотири бунёди заминаи боэътимоди сайёҳӣ  дар ноҳия  соҳибкорони  ватанӣ ҷалб шудаанд.
Тибқи “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои  2016-2020” бояд ҷиҳати рушди ҳамаи соҳоти ноҳия 96 лоиҳа бо маблағи 61 миллиону 496,1 ҳазор сомонӣ татбиқ шавад.
Мушкилии асосие, ки барои рушди картошкапарварию боғдорӣ монеа эҷод кардааст, басанда набудани оби полизист.Таъминот бо оби полизӣ дар ноҳия ҳамагӣ 22 дарсадро ташкил медиҳаду бас. Сарчашмаи асосии оби полизии ҳамаи  4 ҳазору 100 гектар замини обии ноҳия рӯди Шаҳристон аст, ки оби он ҳам ҳамасола тамоили коҳишёбӣ дорад. 20-30 сол қабл аз ин рӯд то 2 метри мукааб об ҷорӣ мешуд, ҳоло бошад, барои обёрии киштзори ҷамъиятиву аҳолӣ басанда нест.
- Бунёди обанбори замонавӣ бо ғунҷоиши 50 миллион метри мукааб об дар мавзеи Сабздараи деҳаи Ободӣ роҳи ягонаи ҳалли ин мушкилист, - таъкид менамояд Умарҷон Ёқубзода. - Инро дар Ҳукумати ҷумҳурӣ низ хуб медонанд ва дар ин самт бояд вақтҳои наздик лоиҳаи мукаммал  таҳия шавад. Бунёди обанбор имкон медиҳад, ки боз 3 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ обёрӣ шуда, истеҳсоли картошкаю мева чандин маротиба афзоиш меёбад. Дурнамои рушди Шаҳристон ба бунёди ин обанбор иртиботи қавӣ дорад.
Сокинони ноҳияи кӯҳистони Шаҳристон чун дигар манотиқи мамлакат Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳро  бо рӯҳияи шодмонӣ ва шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сипосмандии самимӣ аз талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё кардани фазои орому мусоид истиқбол мегиранд. Дар рӯзҳои тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия чун армуғони идона қасри фарҳанг бо 600 ҷои нишаст, биноҳои нави адлия, шуъбаи эҳёву ҷарроҳӣ ва парваришгоҳи наздимактабии ба номи Бойматов барои 50 наврас мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2018    №: 119    Мутолиа карданд: 67

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед