logo

иҷтимоиёт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ИҚДОМИ НАВ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

Бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар деҳаи Қандаки Ҷамоати шаҳраки Обигарм  маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ ёфт. Дар курсҳои омӯзишӣ бонувони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Онҳо нозукиҳои пухтани таомҳои миллӣ, нақшу нигор, ҳунарҳои гулдӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ, кулолию заргариро меомӯзанд. Маркази омӯзишӣ дар шаҳр нахустин нест. Чанде пеш  дар деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Об гурӯҳи калони бонувон ҳунарҳои  заргарӣ, расмкашӣ, наққошӣ, дӯзандагиро омӯхтанд ва  маҳсули заҳмати худро пешкаши харидорон намуданд. Бонувони дигар низ баъди азхуд намудани ҳунарҳои мардумӣ имкон доранд, ки маҳсулоти ҳунармандиро дар мағозаю  нуқтаҳои алоҳидаи шаҳр, ки соли равон таъсис ёфтаанд,  ба фурӯш гузоранд.
Қурбоналӣ Худоидодов, директори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр,  изҳор дошт, ки дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои дурдасти шаҳр -  Фаррух, Чашмаи Куло, Себистон, Чормағз, Лоҳур ва маркази шаҳр низ бо ҷалби занону духтарони диёр курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд. 
Ҳокими САФАР,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 226

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед