logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ДАРЁФТИ КИШТӢ БАЪД АЗ 90 СОЛ
Кормандони ҳифзи соҳили Куба се сол пеш киштии аҷиберо ошкор намуданд, ки на чандон дуртар аз соҳил шино мекард. Чун алоқа бо мавҷ суде набахшид, қарор шуд, ки киштиро муҳосира намоянд. Ҳайрати сарҳадчиён баъд аз баромадан ба киштии асрорангез дучанд гашт, зеро дар дохили он касе набуд. Аммо аз киштӣ рӯзномаи ёддоштҳое ёфт гардид, ки ба капитан Мейер тааллуқ дошт. Аз сабтҳои ин дафтарча маълум шуд, ки ин киштӣ «SS Cotopaxi» ном дошта, ба яке аз ширкатҳои амрикоӣ мансуб мебошад. Киштӣ боркашон буда, охирон маротиба 29 ноябри соли 1926 ба сафар баромадааст. Аз киштии пур аз ангиштсанг  ду рӯз баъд ба маъмурият  хабар расидааст, ки аз сабаби тарқиш ба дохили он об ворид мегардад ва бо ҳамин, алоқа байни бошандагони киштӣ ва соҳил қатъ мешавад. Корҳои ҷустуҷӯӣ як моҳ тӯл кашида, бе натиҷа анҷом меёбад. Ҳамин тавр, баъди 90 сол уқёнус киштии гумгаштаро баргардонд. Чӣ гуна метавонист ин киштии бузурги бесоҳиб солҳои дароз шино намуда, аз назари одамон пинҳон монад? Ин суолест, ки  ҳамагонро ба ҳайрат овардаву ҷавоби хешро наёфтааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МАТЕМАТИКҲО ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН 2018 – РО МУАЙЯН НАМУДАНД
Гурӯҳи олимони донишгоҳҳои Олмон ва Белгия бар асоси ҳисобҳои математикӣ натиҷаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018 – ро тартиб доданд. Ҳангоми арзёбӣ 100 ҳазор вариантҳои имконпазири гуногуни ҳолати ба миёномада, ММД – и кишварҳои ширкаткунанда, аҳолии онҳо, рейтинги  мунтахабҳои миллӣ, синни миёнаи футболбозон, дастовардҳо ва ғайраҳо ба ҳисоб гирифта шуданд.
Тавре ArXiv. org, хабар медиҳад, довталабони асосии унвони қаҳрамонӣ дастаҳои мунтахаби Испания ва Олмон маҳсуб мешаванд, ки мутаносибан 17,8 ва 17, 1 дарсади шонси пирӯзӣ дар мусобиқотро доранд. Ба сафи се мунтахаби пешсаф бо 12,3 дарсад имконият тими миллии Бразилия мавқеъ гирифтааст. Имконияти мунтахаби Русияро онҳо 0,1 дарсад баҳогузорӣ намудаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БО ТРАКТОР БА ҶОМИ ҶАҲОН – 2018
Пирамарди ҳафтодсолаи олмонӣ Губерт Вирт савори трактори ғайриодии соли истеҳсолаш 1936 барои тамошои бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол озими Русия шуд.
Губерт Вирт ниҳоят 14 июн ба пойтахти Русия расида, аввал дар маросими ифтитоҳи мундиалии ҷаҳонии футбол ва, сипас, 17 июн дар бозии мунтахаби Олмон ширкат дошт. Аҷиб ин аст, ки пири мухлисонро саги вафодораш дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад.
Пирамарди 78 - солаи лаҳистонӣ бошад, бо велосипед ба шаҳри Қазон омад. Вай чун мухлиси ашаддӣ аз соли 1978 дар ҳамаи ҷомҳои ҷаҳонии футбол ҳузур доштааст. Пирамард, ки бо тахаллуси Бобо ё «шоҳи фанатҳои лаҳистонӣ» маъруф аст, орзу дорад, ки дар финали мусобиқот мунтахабҳои Лаҳистону Русия бо ҳам зӯр озмоянд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
МУАММО
Ба ҷойи ҳарфҳо рақамҳоро интихоб намуда, ҳосили ҷамъи онҳоро 4 маротиба зарб занед, ки ҷавоби он ба рақамҳои интихобнамудаатон мувофиқ бошад.
( В + А + Ҳ + Д + А + Т)4  =
ВАҲДАТ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЗАНҲОИ МАЪРУФИ СИЁСАТМАДОР
2. Маргарет Тэтчер
Маргарет Тэтчер аз машҳуртарин чеҳраҳои сиёсист ва то ҳол номаш вирди забонҳост. Ӯ аввалин зани аврупоист, ки ба курсии сарвазирӣ нишаст ва солҳои 1979-1990 ҳамчун сарвазири Британияи Кабир адои вазифа намуд.
Маргарет бонуи қавирӯҳу шикастнопазир буд. Барои ҳамин, ӯро «Хонуми матинирода» ном мебаранд. Бо ба сари қудрат омадани Маргарет иқтисодиёти Британия рушд карда, вазъи рӯзгори мардум беҳбудӣ ёфт. Аз ин рӯ, бритониҳо ӯро имрӯз ҳам бо эҳтиром ёд мекунанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


10 ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
4. МУМБАЙ
Аҳолияш 21 миллиону 357 ҳазор
Шаҳр то соли 1995 Бомбай номида мешуд, баъди тағйири ном кардан низ аҳолии таҳҷоӣ ҳамоно Бомбай мегӯяд. Шаҳр пайванди аҷоиби ду тамаддун - аврупоӣ ва осиёиро дар худ таҷассум кардааст. Ба Мумбай, ки омадед, шиносоӣ бо шаҳрро аз ҷазираи Фил, осорхонаи шаҳзодаи Уэлс, бинои Суди олӣ, Донишгоҳ ё вокзали Виктория шурӯъ кунед. Тамошои Чор бозор, ки бо куҳнаколо ном баровардааст, фаромӯш нашавад, зеро дар он бисёр чизҳои ғайриодиро бо қимати ночиз ёфтан мумкин аст.
Дигар сабаби шуҳрати Мумбай киностудияи Болливуд мебошад. Дар ин шаҳр назар ба ҳар кадом давлати дунё зиёдтар филм офарида мешавад.
Маҳз дар Мумбай ягона дар дунё Боғи миллии Санҷай воқеъ аст, ки 5 000 намуд ҳашарот, 1000 намуд рустанӣ, 250 хел паранда, 40 навъи ҳайвони ширхора, 38 хел хазанда ва 10 намуд ҷонвари дубаҳра дорад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ҶОМИ ҶАҲОН 1930 – 2018. ЧАНД ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ АЗ ТАЪРИХИ ОН
Нахустин чемпионати ҷаҳон қариб як аср қабл, соли 1930 дар Уругвай бо иштироки 16 дастаи мунтахаб гузаронда шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳама бозиҳо танҳо дар як шаҳр – Монтевидео баргузор гаштанд. Дар бозии ҳалкунанда соҳибони майдон тими Аргентинаро бо ҳисоби калони 4:2 шикаст дода, Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварданд.
***
Голи зудтаринро дар таърихи Ҷоми ҷаҳон соли 2002 футболбози турк Хоқон Шукур дар сонияи 11 ба дарвозаи Кореяи Ҷанубӣ  задааст.
***
 Соли 1934 Италия майдондори чемпионати ҷаҳон буд. Дар он вохӯрӣ барои ҷои сеюм бори аввал гузаронда шуд.
***
Соли 1970 пас аз  сеюм бор  ғолиб омадани Бразилия «Ҷоми олиҳаи тиллоӣ» -ро Федератсия футболи ин кишвар барои абад гирифт. Соли 1983 «олиҳа» - ро дуздиданду ҷустуҷӯҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.
***
То ҳол Ҷоми ҷаҳонро ғайр аз мунтахабҳои қитъаҳои Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ аз дигар қитъаҳо соҳиб нашудааст.
***
Аввалин дастае, ки аз қитъаи Осиё то нимфинал расид, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ЯК ПАНД
Мо бояд зиндагиро аз хатои дигарон омӯзем. Худамон он қадар умр намебинем, ки ҳамаи онро мустақилона содир ва ислоҳ намоем.
Ҳаймен Ҷорҷ Риковер


10 000 КИЛОКАЛОРИЯ НАҲОРИИ ЯК МАРД
Арбоб Хизер Ҳайоти азимҷусса худро яке аз шахсони боқуввати сайёра ҳисобида, мехоҳад дар қувваозмоиҳои    ҷаҳонӣ  ширкат варзад ва унвони чемпионии ҷаҳонро соҳиб гардад.
Вазни  Ҳайот  430 килограмм ва қадаш 190 сантиметр мебошад. Новобаста бо чунин вазн ӯ худро солим ҳис менамояд. Ҳар рӯз 36 дона тухм, 3 кило гӯшт ва 5 литр ширро дар наҳорӣ  истеъмол мекунад, ки баробар аст ба 10 000 килокалория. Ҳайот дар айёми наврасиаш мубталои фарбеҳшавӣ гардидааст. Ӯ дар чемпионати  дар Ҷопон  баргузор  гардида, бештар аз  4500 кг вазнро бардошт. Дар Покистон Ҳайотро аллакай чемпион меҳисобанд.
«Ҳамшаҳриҳоям маро дӯст медоранд ва бо  ман ифтихор менамоянд, вале бо ин қаноат нахоҳам кард. Мехоҳам, ки маро тамоми дунё бишносад», - мегӯяд Арбоб Хизер Ҳайот.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


РОҲАТ ДАР МАҲБАС?
Айни замон, маҳбаси аз ҳама бароҳат дар Норвегия мебошад, ки соли 2010 бо истифода  аз технологияҳои нав бино карда шудааст.  Ин маҷмаа дар ҷангал ҷойгир буда, студияи сабти овоз, пайроҳа барои давидан ва коттеҷ барои дидорбинӣ бо хешовандонро дорад. Сохтмони маҳбас 10 сол ва бо сарфи 1,5 миллиард крони норвегӣ (тақрибан 252 миллион доллар) амалӣ шудааст.
Аре Хойдал, мудири маҳбас мегӯяд, ки дар зиндони Халден аз ҳама зиёд қочоқчиён, қотилон ва таҷовузгарон менишинанд. Тақрибан 20 дарсади  маҳбусон баъд аз озод шудан дар давоми ду сол боз ба маҳбас меафтанд. Ҳар як ҳуҷра дорои телевизор ва  яхдон буда, тирезаҳояш бе панҷара мебошад. Масоҳати  ҳар ҳуҷра 12 метри мураббаъ буда, бо мебели ҳозиразамон ва душ таъмин шудааст.  Инчунин, дар маҳбас толори варзиш, китобхона, боғи зимистона, маркази тандурустӣ ва устохона бино карда шудааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ЛОНГЙИР ШАҲРЕ, КИ ДАР ОН МУРДАН МАНЪ АСТ
Ин шаҳри норвегӣ дар архипелаги Шпитсберген байни Норвегия ва қутби Шимол ҷойгир шудааст.  Он шимолтарин маҳали зисти инсон маҳсуб меёбад, ки ҳамагӣ ҳазор маскун дорад.
Аммо он на танҳо бо ҳарорати пас-ту шабҳои қутбӣ ва хирсҳои сафед, ҳамчунин бо яке аз қонунҳои шигифтангез дар ҷаҳон машҳур аст. Гап дар он ки дар қаламрави Лонгйир фавтидан манъ мебошад.
Моратория ба маргро бинобар яхбандии абадӣ ҷорӣ кардаанд, ки ҷасадро имкони пӯсидан намедиҳад. Ин дар навбати худ метавонад на танҳо боиси паҳншавии вирусҳои марговар, инчунин, ҷалби дарандаҳо гардад.
Аз ин рӯ, рафту бо касе ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, ё нафаре бемории вазнин шавад, фавран бо ҳавопаймо ба «замини калон» мебаранд. Мабодо касе фавтид, ҷасадашро ҳатман ба дигар қисмати Норвегия мефиристанд.
Зимнан, Лонгйир дар дунё ягона ҷое нест, ки фавтидан қонунан манъ бошад. Чунин табу дар шаҳри испании Ланхарон ва се деҳаи фаронсавӣ - Коню, Ле-Лаванду ва Сартурансе низ амал мекунад.
Тарҷумаи Хуршеди  ҶОВИД


БОНУЕ АЗ АСРИ XIX
Наби Тадзима, пиразани 117 - сола, ки дар яке аз ҷазираҳои Ҷопон умр ба сар мебурд, аз шумули дувумин зани куҳансолтаринест, ки баъд аз  Жанна Калмани фаронсавии 122 – сола ба "Китоби рекордҳои Гиннес" ворид шудааст. Ӯ 4 августи соли 1900 дар шаҳри Аракӣ ба дунё омада, яке аз охирин нафароне мебошад, ки дар асри XIX таваллуд ёфтааст. Пиразан беш аз 160 насл дорад, аз ҷумла 9 фарзанд, 28 набера, 56 абера ва 35 чабера. Сирри дарозумриашро дар хоби бароҳат ва рақсидан дар таҳти мусиқии дӯстдоштааш медонад.
Таҳияи Кароматулло  РАҲМАТОВ


8 РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Димоғаи Иблис
Роҳи оҳани кӯҳи Димоғаи Иблис, ки дар қаторкӯҳҳои Анди Эквадор тӯл мекашад, охири асри XIX ва аввали садаи XX бунёд мегардад. Аз сабаби он ки роҳ дар минтақаи кӯҳҳои баланд ҷойгир аст, онро пурпечутоб сохтаанд, ки хатарнокиашро зиёд мекунад. Димоғаи Иблис шаҳрҳои Риобамба ва Алаусиро ба ҳам пайваст мекунад.
Роҳи оҳани Димоғаи Иблис то соли 2007 ҳамчун хатсайри сайёҳӣ истифода бурда мешуд. Вале, бо сабаби он ки хатҳои барқи кӯҳи Димоғаи Иблис ниҳоят паст кашида шудаанд, ҳангоми яке аз саёҳатҳо ду нафар бар асари расиш ба ҳалокат расид, аз ин рӯ, минбаъд  тавассути он ҳаракати қатораҳо манъ карда шуд.
Таҳияи Комрон САФАР


СУРАТ ВА ҲИММАТ
Соли 1920 Ҷай Сингх,  ашрофзодаи ҳинд, барои тамошо вориди павилони «Роллс-Ройс» шуд. Ин вақт корманди ширкат назди ӯ омаду гуфт:
- Нархи моли ширкати мо ниҳоят гарон аст, гумон намекунам, ки ин гуна маблағ дар ҷайби шумо бошад. Бинобар ин, хоҳиш дорам толорро тарк намоед.
Худи ҳамон лаҳза Сингх 10 - то автомобили «Роллс-Ройс» мехараду мегӯяд, ки ин мошинҳоро ба Ҳиндустон барои кашондани партов баранд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
8. Голф
Бозии голф дар назари аввал хеле одӣ менамояд ва ҳадафи он бо чӯбдасти махсус (клюшка) тӯбчаҳоро ба 18 чуқуричаи майдони сабзадор зада даровардан аст.
Голф дар тӯли мавҷудияти худ он қадар маъруф гардид, ки бар пояи он фарзияи хурди бозӣ – мини – голф ба вуҷуд омад.
Голф маъмулан ба тоифаи ниҳоят сарватмандони ҷамъият мансуб аст.
Тайгер Вуде аз ҷумлаи беҳтарин бозигарони голф дар таърих ба ҳисоб меравад ва, инчунин, вай яке аз варзишгарони сарватманди дунё мебошад.
Бозии муосири голф ва бошгоҳҳои он дар Шотландия пайдо шудааст. Тавре муҳаққиқон менигоранд голф дар асри XVII дар Ҳолланд чун бозӣ шинохта шудааст ва ҳам назаре вуҷуд дорад, ки гӯё 500 сол то он дар Чин низ ин бозӣ мавҷуд будааст.
Аввалин мусобиқаҳо оид ба голф дар шаҳрҳои гуногуни Шотландия баргузор гардидаанд. Баъдтар бозии голф дар Англия, сипас дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Майдони қадимтарини голф Old Links  дар ипподроми Масселборо маҳсуб мешавад. Далоиле мавҷуд аст, ки дар майдони Масселбор соли 1672 голф бозӣ мекардаанд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


10 КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
2. Димишқ (Сурия)
Димишқро чашми Шарқ ном мебаранд. Ин шаҳр дорои осорхонаҳои зиёд буда, ҷойи тамошобоби сайёҳон аст. Он тӯли 4500 сол маркази давлати Сурия аст. Баъзе хонаҳои шаҳри Димишқ, ки то ҳанӯз мавриди истифода қарор доранд, дорои таърихи зиёда аз 400 - сола мебошанд.
Яке аз ёдгориҳои қадимаи ин шаҳр масҷиди Уммавиён мебошад, ки ба рӯйихати маъбадҳои бузурги дунё шомил шудааст.
Шаҳр асрҳои зиёд намуди худро тағйир надодааст. Оғози маскуншавӣ дар он 6300 сол пеш аз мелод сурат гирифт. Димишқ ҳам монанди дигар бузургшаҳрҳо чандин маротиба аз ҷониби империяву шоҳигариҳои бегона забт гардидаву хароб гаштааст. Вале ҳар бор шаҳрро аз нав эҳё мекарданд. Имрӯзҳо дар Димишқ 1,75 миллион нафар ба сар мебаранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 152

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед