logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Султон Умаров баъди хатми мактаби ибтидоӣ таҳсили худро аввал дар Донишкадаи маориф, баъдан дар Академияи омӯзгории шаҳри Самарқанд давом дода, соли 1930 чун омӯзгор дар ҳамин академия ба фаъолияти корӣ оғоз менамояд. Соли 1933 ӯро ҳамчун мутахассис ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба аспирантураи Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристоданд. Баъд аз хатми аспирантура корҳои илмии худро дар факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи Самарқанд давом медиҳад. Дере нагузашта Султон Умаров ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъйин мешавад. Соли 1943 ӯро узви пайвастаи АИ ҶШС Ӯзбекистон интихоб намуданд. Ин солҳо корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ дар Ӯзбекистон рушду равнақ ёфта буд. Барои ба сатҳи нав гузоштани онҳо Султон Умарович ба вазифаи мудири шуъбаи физикаи назариявии Институти физикаю техникаи Ӯзбекистон таъйин мешавад. Аз соли 1956 сарварии ин институтро ба уҳда мегирад. Корҳои назарраси устод дар соҳаи электроника ва физикаи нимноқилҳо ҳамин солҳо рӯи кор омадаанд.
Султон Умаров ба рушди илм дар Тоҷикистон диққати махсус зоҳир менамуд. Пешниҳоди Академияи илмҳои Тоҷикистонро бо самимият қабул намуда, президенти АИ Тоҷикистон интихоб шуд. Солҳои фаъолияти С. Умаров дар вазифаи президенти АИ ҶТ марҳалаи рушду равнақи илми тоҷик буд. Таҳқиқот дар соҳаи илмҳои дақиқ оғоз ёфта, кадрҳои баландихтисос омода шудан гирифтанд. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи С. Умаров аксарияти аспирантҳо ба марказҳои илмии шӯравӣ – Москва, Ленинград, Минск, Боку, Киев, Новосибирск барои таҷрибаомӯзӣ равон шуданд.
Завқу шавқи он кас ба илми физика серқирра аст. Таҳқиқоташ дар физикаи статистикӣ ва электронӣ, физикаи нимноқилҳо ва ядро, физикаи амалӣ ва таърихи он ба ҳамагон маълуманд. Бо дастгирии Султон Умаров  соли 1957 шуъбаи физикаю математика таъсис ёфта, рушди чунин самтҳои физика мисли физикаи ядроӣ, нимноқилҳо, электроникаи физикӣ, самти таҳлилҳои активатсионӣ, физикаи устувории металлҳо ҷараён гирифт. Натиҷаи корҳои наҷиби Султон Умаров буд, ки соли 1964 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон се институти нав – Институти физикаю техника, Институти биофизика ва физиологияи рустанӣ ва Институти иқтисодиёт таъсис шуд.
Имрӯз ҳам Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умаров кӯшиш менамояд, ки дар ҳалли проблемаҳои муҳим саҳми худро гузошта бошад. Офариниш ва таҳқиқи назариявӣ ва амалии наномавод ва нанотехнологияҳо – яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти шуъбаи наномавод ва нанотехнологияҳо, ки нав дар сохтори институт таъсис шудааст, дар ҳақиқат ҳам дар рушди илм саҳми бузург дорад.
Айни ҳол дар институт марказҳои байналмилалии таҳқиқоти ядроӣ, физикӣ, наномавод ва нанотехнологияҳо, омӯзиш ва ҷорикунии манбаъҳои энергияи азнавбарқароршаванда амал менамоянд. Дар онҳо таҳқиқот бо истифодаи усулҳои ядрои физикавӣ, физикаи ҳолатҳои конденсавӣ, аз ҷумла ҳолатҳое, ки дар ҳароратҳои паст дарҷ хоҳанд шуд, спектроскопия, оптикаи когерентӣ, акустика, омӯхтани ҳодисаҳои физикӣ дар атмосфера, манъбаҳои барқароршавандаи энергия бурда мешаванд.         
Ҳ. МУЪМИНОВ,
ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Р. ҚОРИЕВА, 
ходими пешбари Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 128

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед