logo

иҷтимоиёт

ШАМТУЧ. ОБОДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳода, корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Бо камоли ифтихору фараҳи беандоза бояд иброз дошт, ки  аз самараи истиқлол дар ин давра мавзеъҳои дурдасттарини кишвар низ рушду нумӯ карданд.

Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ, ки  яке аз чунин мавзеъҳо ба ҳисоб меравад, ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар манотиқи дурдасти  кишвар ба пешрафтҳо ноил гардид. Маҳз тайи ҳамин солҳо дар ҳудуди деҳот мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасониву савдо, клубу китобхонаҳо ва толорҳои варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  Дар деҳаи Дарғ  беморхонаи муосиру ҳозиразамон бунёд гашт, ки дорои таҷҳизоти навтарини тиббӣ мебошад.
Имрӯзҳо ободгариҳо вусъати тоза пайдо намудаанд. Аз ҷумла, ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо роҳандозӣ хоҳанд гашт. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ дар деҳаи Вешаб пули калони мошингузар бо иқтидори борбардории 50 тонна, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва таъмири мошинҳо, ҳаммоми замонавӣ, сехҳои дӯзандагӣ ва атласу адрасбофӣ, нуқтаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар деҳаи Шамтуч толори варзишии замонавӣ ва маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар деҳаи Дарғ тӯйхонаи замонавӣ ба истифода дода шуда, дар деҳаҳои Вешаб, Каздон ва Утоғар хатҳои оби ошомиданӣ гузаронда хоҳанд шуд. Илова бар ин, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Шамтуч нақша дорад, ки бо ҷалби соҳибкорону ашхоси саховатпеша ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бунгоҳҳои тиббиро бо асбобу лавозимоти зарурии муосир таъмин намуда, дар назди мактабҳо курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил намояд.
Корҳои созандагӣ дар ҳудуди деҳот минбаъд ҳам идома хоҳанд ёфт, зеро ободии ҳар шаҳру деҳаи кишвар дар умум гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон мебошад.
Баҳриддин НАЗАРЗОДА,
раиси Ҷамоати деҳоти Шамтуч, ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 141

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед