logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОЛО БУРД

Вақте ба воқеаву ҳодисаҳои солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ мекунем, таҷрибаҳои сабақомӯзу хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарории сулҳу ваҳдат, ҳифзи миллат ва боқӣ мондани он дар саҳифаҳои таърих ба таври барҷаста ҷилвагар мешаванд.
Таҳкими сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ, ки 21 сол муқаддам бо талошҳои судманду саодатбахши Пешвои муаззами миллат насиби мо гардид, Тоҷикистони азизро аз як кишвари ноорому даргир ба сарзамини амнтарин дар минтақа табдил дод. Ин аст, ки ҳоло Тоҷикистон ба марҳилаи нави тараққиёти хеш ворид шуда, тавассути иқдомоти созандаи Президенти маҳбуби мамлакат рӯз ба рӯз ободу зеботар мегардад. Сарвари давлат ҳамеша таъкид бар он доранд, ки рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Чунин ба назар мерсад, ки ҳоло ин андеша аз доираи манфиатҳои миллӣ болотар рафта, барои минтақа ва  ва ҷаҳон аҳамияти барҷаста касб мекунад.
Далели ифтихормандии мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки маҷмӯи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони пешниҳодоти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми соҳибтамаддуни он истиқбол ва ҳамовозӣ пайдо мекунад. Имрӯз кишвари мо ба махзани баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар зарфи ду моҳи охир баргузории ду конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, ки ба масоили глобалии ҷаҳонӣ бахшида шудаанд, далели ин гуфтаҳост. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон на танҳо мизбони чунин нишастҳои дорои аҳамияти байналмилалист, балки ташаббускору созмондеҳи чунин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ аст. Иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо соз-мони байналмилалию минтақавӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баёнгари аҳамияти ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат вобаста ба масоили об ва эътирофи мавқеи шоистаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалист. Қобили зикр аст, ки даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи Тоҷикистон буда, аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.
Мусалламан, ин ҳама муваффақиятҳо ва эътибори байналмилалии Тоҷикистони азиз аз файзи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами тоҷикон ва ба шарофати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардидааст. Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди тоҷик бо камоли сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳар дастуру ҳидояти ояндасози Пешвои миллатро истиқбол намуда, онро дар амал татбиқ хоҳанд кард.
Ҳ. МУЪМИНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Вахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 342
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед