logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Марги як рӯзноманигори асил, хосса дӯст ва инсони мушфиқу ғамхору саропо меҳр ҳаргиз аз шумори корҳои хурд нест. Агарчӣ ин як ҳақиқат асрҳои аср собит мешавад, ки мо аз он дарси ибрат бигирему ба қадри вақту шахсони сарсупурда бирасем, вале боз ҳам як лаҳза ва ё чанд лаҳза ғофил мемонем. Замоне чашм мекушоем, мебинем, ки наздиконамонро якояк мебаранд. Оре, аз дида, ки рафт, баъд афсӯс мехӯрем. Ин қадар метавонем худро андак тасалло бидиҳем, ки бигӯем: агар аз дида рафт, аз дил нарафтааст. Дар асл дар дил ҳам маъвои муаззаму мукаррамеро ончунон ки бояд, пас аз маргаш муҳайё намесозем. Ва, шукр, то вуҷудамон пур аз ному кори дӯст шавад, зикри ному корашро мекунем ва дар фарҷоми ҳар суҳбат аз ӯ, иброз медорем: рӯзгораш барои ибрат аст. Дар ин як ифода, як ҷумлаи содаву кӯтоҳ, мисли ин аст, ки ҳамаро фаро мегирем.
Ҳолиё, ки дар бораи инчунин як шахс, яъне Усмони Солеҳ менависам, гузашта бо ҳама гузаштанҳои бепадрудаш пеши назар меояд. Ба оҳанги як гила, як гилаи дӯст аз дӯст, ҳамкасб аз ҳамкасб мегӯям: «Зуд рафтӣ, бе падруд рафтӣ. Замони рафтан набуд охир!». Чун ҳама рӯзҳои дигар гӯё табассум мекунад, аммо дар он як ҳасрат, як узри бас ширин ниҳон аст.
Аввал ба номаш, баъд ба навиштаҳояш ошно шудам. Ин ошноӣ ба василаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» маро даст дод. Баъд ва ё худ соли 1993 боз ҳам дар идораи ҳамин рӯзнома бо худи ӯ аз наздик шинос гардидам. Ин ошноӣ ба дӯстӣ табдил ёфт, агарчӣ дар он рӯзгор акси онро низ тасаввур мекардаму интизор доштам. Аз рӯи вазифа, яъне муовини сармуҳаррир масъул буд, ки навиштаҳои моро мехонд, таҳрир мекард, барои чопаш ва ё радди он тасмим мегирифт. Ва ҳам бояд супориш медоду иҷрои онро талаб менамуд. Албатта, як лаҳза ҳам дар иҷрои рисолати худу вазифаи пурмасъулияташ ғафлат намеварзид, аммо ба ҳар рӯз меҳри ӯ дар дилҳои мо бо самимият, одамияту шинохту пуштибонии ҳақиқат меафзуд. Фармонравоиро дӯст намедошт. Бо таҷрибаи зиёду кору рӯзгоре, ки дошт, саъй менамуд, то мо масъулиятшинос бошем, бидонем, ки корҳои неку пуршарафро барои ҷомеа, пойдории давлату миллат бо ҳисси баланди инсониву ватандӯстӣ ба анҷом мерасонем. Насиҳат намекард. Ин ҳақиқатро бо амалҳову навиштаҳои таҳлилию самимию пурмуҳтавояш ба субут мерасонд. Ҳар навиштаи ӯ дар ин маврид як дарс буд. Мехондему бовар ҳосил мекардему мегуфтем, ки «Ҷумҳурият», воқеан, мактаб аст. Вақтро мешинохт, ҳодисотро дарк мекард, пешомади онҳову фарҷомашонро эҳсос менамуд.
Дасту дили покиза дошт. Навиштаҳояш бар ин равшан гувоҳӣ медиҳанд.
Аксар сифатҳои неки инсонӣ дар ӯ ҷамъ омада ва симову вуҷудашро барои ҳар нафари поксиришт диданиву дӯстдоштанӣ гардонда буданд.
Аз кибр, носипосӣ ҳамеша худро канора мегирифт. Чеҳрааш доимо чун офтоби оламтоб нуру гармӣ мебахшид.
Камтар касонеанд, ки бар ҳама писанд меафтанд. Шукр, рӯзноманигори варзида, дӯсти азизи моро ин бахти баланд насиб гардида буд. Агар ҳам бо даргузашти ӯ аз дунё ғаму афсӯс мехӯрем, танҳо ба ин хотир аст. Варна кӣ дар ҷаҳон ҷовид бизис-тааст, то мо бар касе ё худ онро таманно бикунем?
Рӯҳаш шоду хонаи охираташ ҳамеша обод бод!
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2018    №: 128    Мутолиа карданд: 65

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед