logo

иҷтимоиёт

ТАҲСИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ. ГУМРОҲШАВИИ ҶАВОНОН БОЯД ПЕШГИРӢ ШАВАД

Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба  муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ин таҳсили ғайриқонунии динии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар буд. Ба масъала таваҷҷуҳ намудани Пешвои миллат бесабаб нест. Воқеан, солҳои охир бисёре аз ҷавонони мо ба хориҷ барои омӯхтани донишҳои динӣ рафтанду ба доми гурӯҳҳои ифротӣ  афтода, рӯзгори худ ва хонаводаашонро тира сохтанд.
- Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки  бисёре аз ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳҳои динӣ тавассути кишварҳои сеюм яъне, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан мераванд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки волидон барои дар хориҷа маълумоти динӣ гирифтани  фарзандонашон худ ташаббус зоҳир менамоянд, - мегӯяд Маъруф Шонасриддинов, мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи   оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ. Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки ҷиҳати пешгирӣ аз чунин омилҳо кумита то имрӯз дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои зиёдеро андешидаву роҳандозӣ намуд. Дар баробари он, ки миёни мардум пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад, ба наздикӣ як гурӯҳ коршиносон ба Русия рафта, дар шаҳрҳои Санкт - Петербург, Москва, Екатеринбург бо ҷавонони тоҷик суҳбату вохӯрӣ доир намуданд, ки ин ҷиҳати пешгирии таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои динии хориҷӣ ва баргардондани онҳо ба Ватан мусоидат хоҳад кард.
Вақеан, то имрӯз нафарони зиёде, ки  бо таҳсили ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар машғул буданд, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардонда шуданд. Як қисми онҳо, албатта,  нафароне, ки хоҳиши таҳсил намудан дош-танд, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон идомаи таҳсил намуданд. Аммо аз шумораи умумии баргаштагон 88 нафарашон дигарбора ба ҷойи таҳсили пешинаашон рафтаанд.
Айни замон, тибқи иттилои Маъруф Шонасриддинов наздики 400 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти динии кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон қарор доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” муайян намуда, ки гирифтани таълими динӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии берун аз кишвар, танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва соҳаи  маориф иҷозат дода мешавад. Яъне, ҳар касе агар мехоҳад дар хориҷа таълими динӣ гирад, бояд  қаблан таълими ибтидоии диниро ҳатман дар дохили кишвар бигирад.
Вале, ташвишовар он аст, ки ҳоло наздики 400 нафаре, ки дар мактабҳои динии  хориҷи кишвар таҳсил доранд, на дар дохили кишвар таълими динӣ гирифтаанд ва на розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва соҳаи  маорифро дар даст доранд. Пас оё ба ин ҷавонон хатари гумроҳ шудан таҳдид намекунад?
Албатта, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун мақоми ваколатдор ҷиҳати ҳалли масъала дар навоҳии гуногун чорабиниҳои зиёд гузаронда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Аммо ин кофӣ нест. Барои ҳалли мушкили мавҷуда тамоми ниҳодҳо бояд, ки фаъол бошанд. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид намуданд: “Дар ин кори бисёр муҳим падару модарон ва хешу табори чунин ҷавонон низ бояд фаъолона иштирок карда, нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба қувваҳои харобкори радикалӣ ва террористону ифротгароён пайваста, падару модар ва хешу табори худро шармсор ва давлату миллатро бадном созанд.”
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2018    №: 128    Мутолиа карданд: 63

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед