logo

фарҳанг

ФИРДАВСӢ ВА АЙНӢ

Натавон роз ниҳон дошт зи халқ,
Натавон моҳ барандуд ба гил.
Қатрон

Устод Айнӣ меъмори Тоҷикистон ва зиндакунандаи номи халқи тоҷик буд. Воқеан, ӯ дар асри ХХ ҳамон кореро ба анҷом расонд, ки Фирдавсӣ дар замони худ, яъне асри Х карда буд:
Басо ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Ба ҳарфи дигар, Фирдавсӣ тамоми шукӯҳу шавкат, ифтихору азамати гумшуда ва аз ёд рафтаи аҳли Аҷамро, аз нав зинда кард ва бо «Шоҳнома» кохи баланди суханро бунёд намуд, ки аз ҳеҷ боду борон газанд нахоҳад ёфт.
Ин хидмати бузургу ҷовидонии ӯ буд, ки миллат аз нав зинда шуд, ҷон пайдо кард, эҳё гардид.
Устод Айнӣ ҳамин кори Фирдавсиро дар замони нав, бо «Намунаи адабиёти тоҷик», ба анҷом расонд ва мавҷудияти миллати тоҷикро, исбот намуд ва ба қавли худаш, «ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад». Устод Абулқосим Лоҳутӣ  дар пешсухани худ, ки ба китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст, аз вохӯриаш бо устод Айнӣ, аз заҳмати хастагинопазири вай дар иншои ин шоҳкори миллати тоҷик ба мо чунин хабар додааст: «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили  муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чӯбҳову шиканҷаҳо устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рӯзҳо китоб ба поён расидаву машғули покнависи он буданд… Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуд".
Воқеан, устод Айнӣ номи миллати тоҷикро, ки баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён аз ёд бурда буд, барояш арзонӣ дошт. Чеҳраҳои адабиву илмиву таърихиашро зинда кард, асарҳои тадқиқӣ навишт ва бори аввал тоҷикро «як қавми муаззам» ба қалам дод, ки дорои таърихи бузургу тамаддуни қадима ва адабиёти ғанию оламшумул мебошад. Гузашта аз ин, маҳз ӯ моҳияти Инқилоби Октябрро, ки ба халқаш озодӣ, давлат, парчам, пойтахт ато намуд, ба мардум фаҳмонд ва суруди озодии миллатро ҳамроҳи халқаш суруд ва бо иншои осори нафиси бадеӣ ва очерку мақолаҳои дастурбахшу раҳнамояш дар бедорӣ ва худшиносии миллӣ саҳми бузург гирифт. Ӯ аз аҳволи накҳатбори миллат, аз зердастию ғуломию беҳуқуқии ӯ дар замони бедавлатӣ, бесоҳибӣ, хориву зорӣ кашиданаш қисса намуд, қиссаи пуроби чашм, аламовару дардангез. Ӯ бори аввал саргузашти миллати ғамдидаву ранҷдидаи тоҷикро дар симои Одина, Гулбибӣ, Ятим, Ёдгор, Гулнор ва дигарон ба хонандагон муаррифӣ ва ошно намуд. Ӯ чеҳраи аслии амирони манғитӣ, ҳокимони мардумозорро дар осораш ошкор ва ифшо намуд ва бад-ин тартиб аз қабоҳату разолати эшон ва зулму бадбахтиҳое, ки ба сари тоҷикон овардаанд, бо дарду ҳасрат сухан гуфт. Ӯ бори аввал  қобилияти ташкилотчигии халқи тоҷикро сутуд. Бо далоилу бароҳин исбот намуд, ки тоҷикон миллати озодаву сарбаланд ва эҷодкоранд, агарчи муддате давлат ва қудрати сиёсиву низомиро аз даст дода буданд, аммо эшон хомӯш нанишастанд, бо ҳар роҳ мубориза карданд, хусусан аз қалам ба масобаи шамшер кор гирифтанд ва осоре пурарзиш ва ҷаҳонию ҷовидонӣ офариданд.
Яке аз осори мондагору ҷовидонии устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки ҳамчун шиносномаи миллат арзи вуҷуд менамояд, зеро он на танҳо аз мавҷудияти халқи тоҷик ва ҳузури ӯ дар таърих хабар медиҳад, балки ба даҳони инкоргарон ва душманони сарсахти илму адабу тамаддуни тоҷик муҳри хомӯшӣ мезанад ва даъвоҳои печу бебунёд ва муғризонаашонро лағв менамояд.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА,
адабиётшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2018    №: 128    Мутолиа карданд: 73

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед