logo

иҷтимоиёт

РУШДИ МИНТАҚА ОМИЛИ ПЕШРАФТИ КИШВАР АСТ

Дар Донишгоҳи давлатии молияю иқтисоди Тоҷикистон  конфронс таҳти унвони “Молияи бахши иҷтимоӣ ва таъсири он ба рушди устувори минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ, мутахассисони вазоратҳои бахши иқтисод, олимони пажӯҳишгоҳҳо ва устодони макотиби олии кишварро гирд овард.
Ҳангоми ифтитоҳи он ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода зикр кард, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ тавассути сиёсати дурандешонаи иқтисодию иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо марказҳои саноатӣ, ҳамчунин, минтақаҳои кишвар ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштанд.  Ӯ дар ин иртибот фасли шашуми Стратегияи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар давраи то соли 2030-ро ёдовар шуд, ки дар он, аз ҷумла вобастагии амиқи рушди босуботи давлат аз пешрафти минтақаҳояш таъкид мегардад. Ва пиёдасозии маҳз ҳамин барномаи густурдаи бунёдкорӣ имкон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар баробари калонтарин шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба тараққиёти муназзами минтақаҳо низ дар сатҳи зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Дар конфронс масъалаҳои рӯзнома дар ду бахш мавриди баррасии коршиносону мутахассисон қарор гирифтанд. Аввалан, мубодилаи судманди афкор оид ба банақшагирии рушди минтақаҳо дар санадҳои стратегии кишвар, тараққиёти мутавозии онҳо, пешрафти бахши бонкии минтақаҳо ва таъсири он ба сиёсати иҷтимоӣ, мушкилоти рақамисозии иқтисоди мамлакат дар сатҳи минтақаҳо, имконоти субъектҳои иқтисоди кишвар дар рушди инвеститсия дар минтақаҳо ва ғайра ба амал омад. Барои ҳалли мушкилоти минтақаҳо директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии иқтисод ва демографияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Л. Саидмуродов, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Ф. Муъминова, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Молия”, профессор М. Кошонова, мутахассиси пешбари Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии иқтисод ва демографияи АИ ҶТ А. Холматов, сардори раёсати тадқиқоти макроиқтисодии МТС назди Президенти ҶТ Г. Расулов, профессори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон П. Хоҷаев ва дигарон пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.
Бахши дувуми мубоҳисаҳоро масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо, таҳлили дастовардҳои кишварҳои пешрафта дар рушди минтақаҳо, дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна дар сатҳи минтақа ташкил доданд.
Дар маҷмӯъ, ҳамоиши мазкур на танҳо чашмандози ҳирфаӣ ба вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои кишвар, ҳамчунин, ибрози назар ҷиҳати роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи онҳо гардид. Коршиносону олимони соҳаи иқтисод ба хулоса расиданд, ки ҷиҳати пешрафти мутавозии минтақаҳо андешидани тадбирҳои муассир аз ҷониби давлат мусоидат хоҳанд кард.
М. КОШОНОВА,
директори ПИТ “Молия”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2018    №: 129    Мутолиа карданд: 127

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед