иҷтимоиёт
МЕТК. ДАСТИ САХОВАТ ДАРОЗ МЕШАВАД
Ба наздикӣ дар селроҳаи даромадгоҳи деҳаи дурдасттарини ноҳияи Деваштич – Метк пули нав мавриди истифода қарор мегирад. Дар паҳлуи он мактабу чанд хонаҳои истиқоматӣ мавҷуданд ва ҳар вақт ҳангоми боришот ба онҳо хатар таҳдид мекунад.
Ташаббускори бунёди пули нав, ки 9 метр дарозию 6 метр бар дорад, сокини деҳаи Метк, бонуи 78 - сола Маҳтоб Фозилова мебошад. Ин бонуи хайрхоҳ ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати анҷом додани корҳои хайру савоб ва обод кардани диёр сармашқи кори хеш қарор дода, 50 ҳазор сомонӣ пасандози барои зиёрати хонаи Худо ҷамъкардаашро ба ин амали хайр ҳадия кард.
Алҳол, 80 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Муассисаи назорати давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилии рақами 27 - и ноҳия ду платформаро ройгон дастрас кард. Ҳамчунин, барои осон намудани мушкили пулсозон як техникаи боркаш ва як грейдер бо як маром кор мекунад. Ду сол қабл ҳамин гуна ташаббусро Нурбибӣ Дӯстмуродова нишон дода, ду пул бунёд карда буд.
Сокини дигари деҳаи мазкур Мирзо Шарифов бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ гирду атрофи оромгохи зодгоҳи худро ба масоҳати 700 метр бо девор иҳота карда, зиёрати Ҳаҷро дар ҳамин кори савоб дар-ёфт.
Сокини деҳаи Даҳкат Моҳбибӣ Иброҳимова ҳам пули бо ёрмандии писараш барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъ намудаашро барои корҳои хайру савоб сарф кард. Аз ҷумла, ба сохтмони манзили истиқоматии оилаи ниёзманд Инобат Бобоҷонова ёрӣ расонд, ба се кас аробачаи маъюбӣ харид, 15 каси муҳтоҷро бо маводи рӯзгор таъмин намуд.
Чи тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, бунёди роҳ, пул, манзил ҳама савоби ҷория аст. Зеро мардум аз онҳо даҳсолаҳо истифода мебаранд ва савобу аҷраш ба эшон пайваста мерасад.
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.07.2018 №: 131 Мутолиа карданд: 163