logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДА: "ШАҲРИ МАН, ШОИСТАИ АСРУ ЗАМОН АФТОДАӢ"

Шаҳри Душанбе чун маркази сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва чун рамзи истиқлолият, пойдории давлату миллати Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Бо ҳидояти хирадмандонаву ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори шаҳрдории пойтахт Душанбе имрӯз чаман - чаман шукуфта, ба давраи нави рушду тараққиёти худ  ворид гардид. Душанберо дар ҷаҳон чун шаҳри сулҳу ваҳдат, дӯстию ҳамдилӣ, ҳамкориву ҳамгироӣ ва маркази баргузории анҷуманҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ хуб мешиносанд. Душанбе на танҳо зиёратгоҳи сокинони мамлакат, балки тамошогоҳи мардумони олам гардидааст.
Ҳаёти бисёр фарзандони бузурги Тоҷикистон бо шаҳри Душанбе пайванди ногусастанӣ дорад, ки яке аз онҳо Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода мебошад.
Ҳангоме ки соли 1925 дар Душанбе аввалин мактаб – интернат кушода мешавад, Мирзои 14 – сола баҳри таҳсил ва илм омӯхтан  пиёдаву савора ба ин ҷо меояд. Бо ҳайрат ба чор тараф назар меафканад, аммо аз шаҳр осоре намебинад. Душанберо бо хонаҳои пасту гилинаш шабеҳи зодгоҳаш - деҳаи Қаротоғ дармеёбад. Душанбе он замон аз болои хоктӯдаву харобаҳои даврони куҳан қомат рост мекард, ки баъдҳо дар достони «Ҳасани аробакаш» бо ин мазмун тасвир шудааст:
Маркази нав – Душанбеи худро,
Дӯстдоранда наврасон будем.
Ба ҳама корҳои ин марказ,
Ҳамаи мо мададрасон будем.

Деҳаи аз қадим бе унвон,
Қомат аз рӯи хок мебардошт,
Аввалин донаҳои матлабро,
Ба замини хароби худ мекошт.
Аз ҳамон даврони наврасӣ то охири умр Мирзо Турсунзода маъвои дили худро дар шаҳри Душанбе дарёфта ва онро бо муҳаббати фарзандӣ дар шеъру суруду достонҳояш васфу ситоиш мекард. Шоир соли 1974 бо номи «Пойтахт» шеъре суруд, ки он дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (рақами 10) мунташир гардид. Дар солҳои минбаъда шояд бо амри тасодуф ва ё дигар сабабҳои номаълум шеъри мазкур аз назари мураттибони китобҳои шоир дур монд ва дар ягон  маҷмӯаи ашъори ӯ ворид нашуд. Ҳамин тавр, он 44 сол инҷониб дастраси хонандагон нагашт. Дар ин муддати тӯлонӣ Душанбе ба куллӣ симои худро дигаргун сохт ва имрӯз биҳишти воқеиро мемонад. Шеъри устод Мирзо Турсунзода ончунон шево ва муассир садо медиҳад, ки гӯё маҳз барои Душанбеи имрӯзаи зебову шукуфон суруда шудааст. Ҳоло шеъри устодро чун дастагуле аз боғу гулистонҳои ин шаҳр ба хонандагони азиз тақдим медорем, то садои дили шоири бузург ва муҳаббати гарму ҷӯшони ӯро нисбат ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол равшантар эҳсос намоянд.

ПОЙТАХТ
Пойтахтам, дар миёни кӯҳсор афтодаӣ,
Дар дили водии зархези Ҳисор афтодаӣ,
Мисли холи тоқи абруи диёр афтодаӣ,
Пойтахтам,  мешиносам ман чароғони туро,
Бурҷҳову кохҳои шуълаафшони туро.

Рӯдҳои нуқрагин печи камарбанди туанд,
Раъду барқи осмон оҳанги савганди туанд,
Партави моҳу ситора акси лабханди туанд,
Шаҳри ман, васфи туро манзил ба манзил мебарам,
Ту дили республика, дар мағзи дил дил мебарам,
Аз Душанбе асрҳои аср осоре набуд,
Ҳеҷ касро бо чунин як шаҳри нав коре набуд,
Дар Ҳисори шодмон ҷуз кундаву доре набуд,
Шаҳри ман, шоистаи асру замон афтодаӣ,
Кас намегӯяд, ки ту аз осмон афтодаӣ.

Дар радифи шаҳрҳои нозанин ҷои ту шуд,
Илм, санъат, техника пайваста дунёи ту шуд,
Дидаи бинанда равшан  аз тамошои ту шуд,
Ғарбиёну шарқиён муштоқи дидори туанд,
Москва, Ленинград ҳам сарвару ёри туанд.

Дар Душанбе ёфтам ман ҷумла фарзандони хеш,
Обрӯи хонадону зеби дастархони хеш,
Риштаи пайванди умру аҳди бепоёни хеш,
Умри ман пас мисли умри шаҳри ман дорад давом,
Медиҳам ман даст бар ояндагон бо эҳтиром.

Пойтахтам, дӯст дорӣ бомдоди хешро,
Хандаҳои кӯдаку тифлони шоди хешро,
Сокинони бовафову бомуроди хешро,
Чашм медӯзӣ ба сӯи қуллаҳои сарбаланд,
Қуллаҳоро сарбаландии ту меояд писанд.

Аз дару тирезаҳоят нур пошад офтоб,
Мисли он, ки зиндагиро гашт дохил инқилоб,
Мисли он, ки шуд зани тоҷик озод аз ҳиҷоб,
Ман шарикам, пойтахтам, бахти хандони туро,
Дар назар меоварам фардои пуршони туро.

Раҷабалӣ  ҚУДРАТОВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 98

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед