logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҶАШНИ МУҚАДДАС ВА ЗАМОНАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бардошт аз таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд, рӯзҳои 24 - 29 июни соли 2018
Дар таърихи ҳар миллат санаҳое вуҷуд доранд, ки дар тақдири онҳо сарнавиштсозанд, бо гузашти замон ин санаҳо намоди тақаддусӣ ба худ мегиранд ва мардум ҳамеша ба онҳо арҷ мегузоранд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвари аҳуроии мо - Тоҷикистон аз чунин ҷашнҳост, ки чун милоди миллат ва эҳёи давлат ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад ва аз муҳимтарин ҷашнҳои замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ин ҷашнро дар суханронии хеш 27 июн дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ном бурданд.
Имсол макони баргузории таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ вилояти Суғд буд, ки аз шаҳри бостонии Истаравшан маросими бузургдошти он оғоз гардид.
Шаҳри бостонии Истаравшан дар шумори ками он шаҳрҳои Осиёи Марказист, ки то ҳанӯз дар хеш анвои ҳунарҳои мардумиро ҳифз карда, кӯчаю гузарҳое бо номи сӯзангарон, читгарон, собунгарон, чармгарон ва ғайраро дорад. Бар юмни таҷдиду таъмири Маҷмаи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ" тамоми ҳунарҳои мардумии ин шаҳри бостонӣ дар як ҷо гирд оварда мешаванд ва ин меъмории куҳан ва навини миллати мо таваҷҷуҳи на танҳо шаҳрвандони кишвар, балки сайёҳону меҳмонони хориҷиро низ ба худ ҷалб карда, дар шиносоии гузашта ва имрӯзи мамлакатамон саҳм хоҳад гирифт.
Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд идома пайдо кард ва рӯзи 26 июн Пешвои миллат дар ҷамъи намояндагони шинохтаи қишрҳои ҷомеаи кишвар дар маросими Иди нон, асал ва зардолу, ки тамоми ноҳияҳои вилояти Суғд анвои нон, асал ва зардолуи парваридаи хешро ба маъраз гузошта буданд, ширкат карданд. Ҷои зикр аст, ки баргузории намоишгоҳҳои маводи ғизоӣ дар гӯшаю канори кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки он қадам ба қадам амалӣ мегардад. Соли 2018 намунаи боризи татбиқи ин ҳадаф бунёди 737 гектар боғи мевадиҳанда дар вилояти Суғд мебошад.
Шаҳри Конибодом, ки имсол макони расмии баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузида шудааст, яке аз шаҳрҳои саноатӣ ва кишоварзии рушдкардаи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби ошомиданӣ амалӣ шуда, қитъаи шоҳроҳи Конибодом - Патар, ки 5,7 километро дар бар мегирад, мавриди истифода қарор гирифт.
Пешвои миллат бо ҳузури аҳли зиё ва дигар меҳмонон зимни таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар яке аз ҷойҳои хушманзари шаҳри Конибодом муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.
Нуқтаи олии ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом буд. Пешвои миллат аз раванди пур аз мушкилоти музокироти тӯлонии давлат бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин ёдрас шуда, фармуданд: «Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест нашудани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон мо бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, мо чил санади барои миллат муҳимро ба имзо расондем. Ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ, санаи 27 - уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати  миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI  Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад».
Бояд гуфт, ки баъд аз табаддулоти нофарҷоми гурӯҳе аз низомиён дар моҳи сентябри соли 2015, ки бо сармоягузории ҳизби террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ сурат гирифт, мубаллиғони онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфи нодуруст мезаданд, ки гӯё дар ба имзо расидани Созишномаи сулҳ  ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ нақше доштааст. Ба хотири ботил кардани ин дурӯғпароканиҳо Пешвои миллат дар ин суханронии хеш равшан таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27 июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷатро имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донад.
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол боз як хусусияти хос пайдо намуд. Ин рӯзро тоҷикон якҷо бо меҳмонон аз ҳамсоядавлатҳои худ - Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар фазои пур аз сафову самимият ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҷлил карданд. Ба яқин, ин ҳам аз хадамоти шоиста ва бузурги Пешвои миллат аст, ки ҳамеша талош доранд дарвозаҳои меҳру муҳаббати тоҷиконаро ба рӯи дӯстон ва ҳамсоягон кушода нигаҳ доранд.
Ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвар танҳо  ба хотири ҷашн нест. Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. То имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 150 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад. Намояндагии дипломатии зиёда аз 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тоҷикистон узви бештар аз 70 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати дигари муҳим дар рӯзҳои Ҷашни Ваҳдати миллӣ ин аст, ки Пешвои миллат аз наздик бо шаҳрвандони кишвар суҳбатҳо меороянд, онҳоро бо дастовардҳои нави меҳнатӣ табрик мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баррасӣ карда, роҳҳои рафъи ҳар чи зудтари онҳоро ба масъулон дастур медиҳанд. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба як навъ муколамаи мустақими Пешвои миллат бо мардуми кишвар табдил ёфтааст.
Нуралӣ САИДОВ,
котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа,
Ҳамза КАМОЛ,
раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон,
узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 382
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед