фарҳанг
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТАНД
Ҳунарҳои мардумӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани онҳо дар байни омма ва миёни оламиён яке аз вазифаҳои муҳими зиёиён, алалхусус китобдорон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифамонро ба аҳли олам муаррифӣ намоем ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро дар таърихи башарӣ таъкид созем.
Ин буд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ соли 2018 дар кишварамон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Вобаста ба ин, олимони соҳа асари библиографии ҷадидеро, ки феҳристи адабиёт доир ба ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад, таҳия ва нашр намуданд. Он таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ – шаҳодатномаи миллат» ба дасти чоп расид. Таҳиягари асари мазкур муҳаққиқи ҷавони соҳаи китобдорӣ Ситора Абдумуъминзода мебошад.
Чуноне ки аз пешгуфтори асар бар меояд дастури библиографии мазкур дар асоси захираҳои маводи илмию оммавии китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва сомонаҳои интернетӣ таҳия шудааст. Сохтори он аз ду қисми асосӣ ва дастгоҳи маълумотдиҳӣ иборат аст. Дар қисми якум доир ба ҳунарҳои мардумие, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рушд намудаанд, маълумоти мушаххас оварда мешавад. Ҳамчунин, дар ин бахш, вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшаванда расмҳои рангаи маҳсулоти дастии ҳунарҳои мардумӣ ҷой дода шудаанд.
Қисми дувуми дастур фарогири маводи иттилоотӣ - библиографӣ буда, дар ин ҷо тафсири библиографии мақолаҳо дар матбуоти даврӣ, нашрияҳои илмӣ ва сомонаҳои интернетӣ оварда шудааст. Унвони мақолаҳо бо забони асл ва стандарти нав тасвир ёфта, маводҳо тибқи замони нашр, бо тартиби алифбо, аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас, ба забони русӣ мураттаб гардидаанд. Барои осон кардани кори пажӯҳишгарон дар охири асар кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос оварда шудааст.
С. НАДИРОВ,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2018 №: 133 Мутолиа карданд: 323