logo

фарҳанг

ГУФТОРИ ИБРАТОМӮЗ. БАРДОШТ АЗ СУХАНРОНӢ ВА АСАРҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки адабиёти ҳазорсолаи мо,  ки анбошта аз панду ҳикмат мебошад, дар ақсои олам  беназир шинохта мешавад. Осори бозмондаи Рӯдакӣ, «Офариннома» - и Абушакур, «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ, «Гаршоспнома» - и Асадӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Балхӣ,  «Бӯстон» - и Саъдӣ, «Ҳафт авранг» - и Ҷомӣ, «Беҳрӯз ва Баҳром» - и Биноӣ ва ғайра мамлӯ аз мавзӯъоти таълимию тарбиявӣ  мебошанд. Адибони мо ҳатто дар осори ошиқона низ мавзӯи панду андарзро, ки ба таълиму тарбияи инсон нигаронда шудааст, ғунҷондаанд. Дар наср низ ин мавзӯъ пайгирӣ шудааст. Аз «Шоҳнома» - и Абумансурӣ сар карда, то «Наводир - ул - воқеъ» - и Аҳмади Дониш суннати панду ҳикматгӯӣ риоя гардида. Бо як сухан, тору пуди назму насри мо бо матои каломи ибратомӯз, суханони андарзиву ҳакимона танида шудааст, зеро «пиндори нек гуфтори нек, рафтори нек, » оину шиори ниёкони мо дар тамоми давраҳо будааст. Аз ин рӯ, шоирон, нависандагон, муаррихон, ҳакимон, файласуфон, подшоҳон, лашкаркашон, вазирон, шахсиятҳои таърихӣ ва риҷоли гуногуни давлат мекӯшиданд, ки дар осори худ андешаҳои ҳакимона ва афкори иршодгароёнаро ҷой бидиҳанд ва бад-ин тартиб дар таълим ва тарбияи аҳли ҷомеа саҳм бигиранд. Ба ҳарфи дигар, дар дарозои таърих на танҳо адибон, балки сиёсатмадорон, муаррихон, пизишкон, дабирон, ҳокимон, подшоҳон, ки дар давраҳои мухталиф зиндагию фаъолият намудаанд, андарзгароӣ кардаанд.
Хушбахтона, мо ҳамин гуна  каломи ибратомӯзро дар суханронӣ, маърӯза ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ фаровон пайдо менамоем. Мутолиа ва коргирӣ аз онҳо барои боло бурдани дониши назарӣ ва амалии шаҳрвандони кишвар ва дар рӯҳи ифтихору худшиносӣ тарбия кардани онҳо хидмати муҳим менамояд. Агар мо тамоми гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷамъоварӣ намоем, чандин китоб мешавад. Воқеан, мо қариб дар тамоми суханронӣ ва асарҳояшон андешаҳои роҳнамо, суханони ҳикматнок, ахлоқӣ, таълимӣ ва тарбиявиро мушоҳида менамоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар бораи забон, ки на танҳо воситаи муоширати байни одамон, балки муҳимтарин унсури ҳувияти миллист, суханони зиёди омӯзанда гуфтаанд, ки ошноӣ бо онҳо маълумоти моро доир ба мақому аҳамияти забони тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои бонуфузи олам, забони илму адаби беназир ва сабаби бақои миллати мо дар дарозои таърих будааст, зиёд менамояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми волои забон дар таъриху сарнавишти миллати мо диққати зиёд дода, ҳамвора дар маърӯзаву асарҳояшон ба ин ё он навъ дар боби забони модариамон дилсӯзона изҳори назар менамоянд ва аз шаҳрвандон пос доштани ин муқаддасоти муҳими миллатро талаб мекунанд. Бавижа, хуб донистан, поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ба забони адабӣ ҳарф задан, риояи имло, меъёри талаффузи адабӣ, таърихи пайдоиши забони тоҷикӣ, хидмати аҳли сухан дар зинда нигоҳ  доштани он, ситоиши забони тоҷикӣ аз ҷониби адибон, тарзи истифодаи дурусти вожаву ҷумлаҳо, забони осори бадеӣ, илмӣ, китобҳои дарсӣ ва ғайраро таъкид менамоянд. Масалан, дар маърӯзаи худ «Иди забон иди ваҳдат аст», ки бахшида ба Рӯзи забон сурат гирифтааст, чунин афкори омӯзанда гуфтаанд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллат  ва  давлат пуштибони забонанд. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд. Забони ҳар миллат ёдгории азимест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об  хӯрда, мояи ифтихору худшиносии миллии наслҳои баъдина мегардад».
Албатта, тавре ки гуфтем, дар тамоми маърӯзаву асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон гуфтори пандомӯз хеле зиёданд, ки дар мавзӯъҳои мухталиф гуфта шудаанд, аммо аксари андешаҳои омӯзандаашон ба мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ, адабдӯстию рафоқат, маърифату фарҳанг, адабу ҳунар, хусусан масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ бахшида шудаанд. Мавзӯъ ва масъалаҳое, ки барои мавҷудияти як миллат, як кишвар ва рушду нумӯи он зарур ва муҳиманд. Аз ин хотир, Пешвои миллат бис-ёре аз ин масъалаҳоро такрор ба такрор дар суханрониву асарҳояшон таъкид менамоянд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар бисёр мавридҳо на танҳо суханони омӯзандаи худ, балки бузургони илму маърифати гузаштаву имрӯзаро низ ба масобаи далел меоранд, то афкору ороашонро аз ин ё он ҷиҳат таъкид ва таъйид намоянд. Бинобар ин, аз зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ, гуфтори адибону олимон, мардони бузурги сиёсӣ, ашхоси таърихӣ ба мавқеъ истифода менамоянд ва каломи онҳоро ба сифати шоҳид меоранд. Мо ин гуна истифода аз каломи бузургон, иқтибосҳои омӯзандаро қариб дар ҳар суханронӣ ва китобҳояшон дида метавонем.
Ҳамин тариқ, гуфтори ибратомӯз, ки дар саросари суханрониву асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дида мерасанд, барои тарбияи шаҳрвандон, бавижа ҷавонон, аз ҳар лиҳоз муфид мебошанд. Хусусан, талқини ваҳдат, дӯстӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзӣ, хидмат ба миллат, ватандӯстӣ, ки аз аркони муҳими устувор гардондани пояҳои кишвари мустақил ва мутамаддин ба ҳисоб мераванд, дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд. Хондан,  аз бар кардани онҳо ба мо имкон медиҳанд, ки, аз як сӯ, бар илму донишу ҷаҳонфаҳмии худ биафзоем, аз сӯи дигар, ахлоқу одоби худро боло бибарем, ба миллати худ, Ватани худ меҳр биварзем, ба қадру қимати забони худ, осори илмиву адабии хеш, ки аз ниёкони пурхиради мо ба мерос мондааст, ба вижа истиқлол, ки беҳтарин неъмат аст, бирасем. Дар ин роҳ омӯхтану ҳифзи гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мо ёрии зиёд мерасонанд. 
Ҷамолиддин САИДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 142

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед