logo

иҷтимоиёт

ДАР ЛАХШ КӮҲНАВАРДОНИ ҶАҲОН ҶАМЪ МЕОЯНД

Дар  ноҳия ба муносибати  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо ибтикори Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардии қуллаи Исмоили Сомонӣ баргузор мегардад.  Мавсими ҷалби кӯҳнавардон ба ин мавзеи дар олам машҳури ҷумҳурӣ дар се марҳила  14 – рӯзӣ аз 15 июл то охири моҳи август  идома меёбад. Дар ин бора Давлат Ҳабибов, роҳбари  шӯро, ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод. 
- Дастгириҳои Ҳукумати кишвар солҳои охир, бахусус дар чорчӯбаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  барои  истифодаи самараноки манбаъҳои сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам овард.  Фазои мусоиди фаъолияти сайёҳӣ аз ҷумла барои мо имконият дод, ки дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» кӯҳнавардони сатҳи ҷаҳониро тӯли даҳ сол ба қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷалб намоем. Дар ин маврид  дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ  ба ширкатҳои сайёҳӣ ва клубҳои кӯҳнавардӣ  ба таври хаттӣ муроҷиат намуда, аъзои онҳоро ба мавсими кӯҳнавардии Тоҷикистон барои даҳ сол даъват намудем. Барои иҷрои ин тарҳи дарозмуддати соҳа тамоми ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд. Дар доираи роҳбарони ширкатҳои сайёҳии дунё  ин чорабинӣ бисёр хуб пазируфта шудааст. Пас аз эълони чорабинӣ аксари гурӯҳҳои кӯҳнавардии ҷаҳон имсол Тоҷикистонро интихоб намуданд.  Баҳри дар сатҳи баланд гузарондани мавсими кӯҳнавардӣ дар ноҳияи номбурда тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Кӯҳнавардон  ба воситаи чархбол ба майдони Масквинаи қуллаи Исмоили Сомонӣ бурда мешаванд. Онҳоро мураббиёни риштаи кӯҳнавардӣ ва табибону нафарони дигар ҳамроҳӣ менамоянд, - гуфт ӯ.  
Азбаски қуллаи Исмоили Сомонӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳама баландтарин аст, фатҳи он аз ҷониби варзишгарону сайёҳони ин минтақа  ва ҷаҳон боиси ифтихор ва  эътироф шудани дараҷаи баланди касбии онҳо маҳсуб меёбад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи кӯҳнавардону варзишгарон ҷиҳати  санҷидани иқтидори хеш ба кӯҳҳои Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. 
Ба гуфтаи Давлат Ҳабибов, ҳадаф аз  доир намудани чорабинӣ низ муаррифии бештари қуллаи Исмоили Сомонӣ ва ҷалби сайёҳони зиёд ба ин макон мебошад. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки дар оянда ин макон яке аз марказҳои асосии рақобату озмоиши кӯҳнавардони дунё қарор гирад. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 223

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед