logo

иҷтимоиёт

“БОБОДАРХОН” ТАВАҶҶУҲ МЕХОҲАД

Истироҳати тобистонаи мактабиён сол ба сол аз лиҳози омодагӣ, фарогирии теъдоди  бачаҳо, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳияшуда  ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ наздик мешавад. Бо  талошу кӯшишҳои Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар ин самт корҳои мушаххас ва муассир ба сомон расонда мешаванд. Ҳамасола, бо оғози фасли баҳор, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасад.

Дар вилояти Суғд ҳам истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз ёфта, феълан  муштариёни наврас дар 19 лагери беруназшаҳрӣ, 679 - наздимактабӣ, 243 – лагерҳои истироҳатӣ - меҳнатӣ, 30 - солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҷиҳати рангорангии барномаҳои фароғатии  истироҳаткунандагон дар ҳамаи лагерҳо, хусусан беруназшаҳрӣ, чорабиниҳои рангин ва маҳфилҳои гуногун тарҳрезӣ ва амалӣ мешаванд. Тибқи иттилои раёсати маорифи вилояти Суғд интизор меравад, ки дар мавсими имсола зиёда аз 75 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои вилоятро ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро хоҳанд гирифт. Як ҷиҳати фарқкунандаи ташкили лагерҳои тобистона дар мавсими имсола он аст, ки  давоми фасли тобистон 1022 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, 7611 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат, 1544 нафар хонандагони болаёқат ба истироҳату фароғат ройгон ҷалб карда мешаванд. Дар мавсими имсола барои ташкилу гузарондани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1 миллиону 668 ҳазору 310 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо назардошти он ки соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, дар ҷараёни истироҳат маҳфилҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, пазандагӣ, рақсу суруд, маҳфилҳои варзишию техникӣ, сафар ба мавзеъҳои таърихии маҳалҳо, аз ҷумла ба Қалъаи Хуҷанд, Наврӯзгоҳ, қасри Арбоб ва мавзеъҳои таърихии шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Ашт дар назар аст. Даҳаи аввали  моҳи июл дар лагерҳои вилоят зиёда аз 56,5 ҳазор нафар мактабиён фароғат доштанд. 
“Бободархон” аз ҷумлаи лагерҳои беруназшаҳрӣ маҳсуб ёфта, дар масоҳати 1,5 гектар, дар яке аз минтақаҳои кӯҳистон, мавзеи басо зебову сарсабзу соя бо анбӯҳи дарахтони сояафкан, зардолузору олучаҳои кӯҳӣ ва 50 метр дуртар аз рӯди пуроби мусаффои деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия Ашт  қарор гирифтааст. Воқеан ҳам, “Бободархон” бо мавқеи ҷуғрофию манзараҳои дилфиребаш ҷолибу мавриди таваҷҷуҳ аст. Сабзаву себаргаҳо, гулҳои рангин, гулбуттаҳои қад - қади роҳравҳо, шохҳои пур аз ҳосили сархами зардолую олучаҳои кӯҳӣ ва себ фараҳбахш ба назар мерасанд.
- Дар мавсими имсола тасмим гирифтаем истироҳату фароғати то 100 нафар мактабиёнро ташкил кунем, - мегӯяд Сабоҳат Саъдуллоева, директори лагер. - Мизоҷони наврас қариб, ки аз ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳастанд ва барояшон то ҷое, ки имкон ҳаст, шароит муҳайё кардаем. Чанд нафар истироҳаткунандагони наврас Хусрав Қулаҳмадов аз мактаби миёнаи № 25, Ҷамоати деҳоти Ашт, Ремила Ғаниева ва Садаф Дадоҷонова аз гимназияи рақами № 1 - и шаҳраки Шайдон аз ҷараёни истироҳат дар лагер, фаъолияти маҳфилҳои амалкунанда, сайрҳо ба мавзеъҳои афсонавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз медоранд, ки фароғат дар чунин минтақаҳои истироҳатӣ барои инкишофи ақливу зеҳнӣ, тарбияи ватандӯстии мактабиён мусоидат мекунад.
Ин дар ҳоле, ки ҳамаи инфрасохторҳо: чи бинои хобу ҷойи оббозиву дастурӯйшӯйӣ, ошхона сахт фарсуда гашта, ба таъмири асосӣ ҷиддан ниёз доранду майдончаҳои варзишии замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд нест. Мушоҳидаҳо аз он бозгӯянд, ки сарфи назар аз масоҳату мавзеи хушобу ҳаво “Бободархон” имкони қабули миқдори зиёди мактабиёнро надорад. Ба таъсисёбии лагер наздик 64 сол шуда бошад ҳам, то имрӯз дигар ягон бинои иловагӣ сохта нашудааст.
- Имконияти маҳдуди молиявӣ даст намедиҳад, ки иншооти нав созему биноҳои фарсудаи лагерро таъмир намоем,- изҳор медорад Муяссар Ҳайдарзода, мудири маорифи ноҳияи Ашт. – Ҳамзамон, бо дастгирии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то оғози ҳар мавсим лагер таъмир мешавад. Шояд дар оянда бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, бо дарназардошти мавзеи сарсабзу барои саломатии наврасон муфид будан “Бободархон” навсозӣ шуда, дар мавсим теъдоди зиёди мактабиёнро нафақат аз ноҳияи Ашт, балки аз дигар манотиқи кишвар ба оғӯш гирад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 145

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед