logo

сиёсат

ХАТЛОН. РАФТИ ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи истиқбол аз Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки то нимаи аввали соли 2021 дар ҳудуди вилоят иншооти маъмурию хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Қоҳир Расулзода, Сарвазири кишвар, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба вилоят сафари корӣ анҷом дод.
Сарвазири мамлакат пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ дар шаҳри Бохтар бо иштироки фаъолону роҳбарони вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷаласаи васеъ доир намуд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки вусъати созандагию ободкориҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 доир ба  истиқболи ботантанаи ҷашни номбурда асос ёфтааст. Аз ин рӯ, суръати бунёдкориҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашн аз ҳар як шахси ватандӯст масъулиятро талаб менамояд. Бо мақсади татбиқи ин амри хайр аллакай дар вилоят ва шаҳру навоҳӣ гурӯҳҳои махсуси корӣ таъсис ёфтаанд.
Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, тазаккур дод, ки масъулон зимни таҳияи нақшаҳои корӣ ва тартиб додани ангораи иншоот бояд вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоятро ба инобат гиранд. Иҷро нагардидани қисме аз андозҳо ва бо ин сабаб пурра таъмин нашудани нақшаи даромади буҷет дар  9 шаҳру ноҳияи минтақа, 2,5 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат ва аз фаъолият мондани 200 корхона ба амалисозии  нақшаи омодагиҳо таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ҳамчунин, номбурда таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба масъалаҳои тамоюли гароншавии нархи маводи сӯзишворӣ ва аз ин ҳисоб қимат гардидани арзиши нуриҳои минералӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани либосҳои мактабии коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҷалб карда, ба як қатор роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаю ташкилотҳои вилоятӣ барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар ин самт дастурҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, дар ҳузури Сарвазири ҷумҳурӣ масъалаҳои  пурзӯр намудани корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти хизматрасонӣ, таъмири роҳу кӯпрукҳо, содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди  муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаҳо ва ба кор даровардани корхонаҳои ресандагӣ дар вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарону фаъолони дигари минтақа ваъда доданд, ки барои дар сатҳи олӣ истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд бурд.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 281
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед