logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА АҲАМИЯТИ ГЕОПОЛИТИКИИ ОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Аввали солҳои 90 - уми асри гузашта,  аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон якбора сар баланд намудани тундгароёни динии иртиҷоъпараст ба он оварда расонд, ки доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ ба татбиқи  ҳадафҳои ғаразноки геостратегии худ шурӯъ намуданд. Онҳо хуб медонистанд, ки дар он марҳила кишвари мо барои амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезишудаашон шароити мувофиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ дорад. Аллакай, дар маркази як қатор шаҳру ноҳияҳо тундгароёни динӣ ҳамроҳи баъзе зиёиёни гумроҳ фаъолона шиорҳои барангезандаи адовати миллиро, ки бар зидди миллатҳои ғайритоҷик равона буд, тарғиб менамуданд. Як қисми аҳли зиё ба ҷои он, ки ба рисолати иҷтимоии худ, яъне тарғиби донишу илм, фарҳангу санъат дар ҷомеа машғул бошанд, бо кори дигар, яъне бо ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ даст заданд.
Маҳз ҳамин тундгароёни динии иртиҷоъпараст зери ниқоби ватандориву ватанхоҳӣ мардумро ба сарнагун намудани сохти конститутсионӣ даъват намуда, ба олами ҷаҳолати динӣ мебурданд. Албатта, яке аз сабабҳои сар бардоштани тундгароёни динӣ аз он иборат буд, ки миллати тоҷик дар солҳои аввалини истиқлолияти ватанамон пешво надошт, ки соҳиби қудрати сарҷамъ намудани тамоми қишрҳои ҷомеа бошад.
Аз ин доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ хеле хуб фоида бурданд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид, ки нақши асосиро дар он маҳз тундгароёни динӣ бозиданд, чунки онҳо аз оғози фаъолият фақат як ҳадаф доштанд: сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Онҳо ҳеҷ гоҳ тарафдори давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон набуданд ва нахоҳанд буд.
Дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ барои пиёда сохтани амалиётҳои зиддиинсонӣ нисбат ба аҳолии Тоҷикистон, тундгароёни динӣ аз ёрии молиявии доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ хеле фаъолона истифода мекарданд. Барои паҳн намудани ҷанг дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон коргардонҳо аз берун истода, маблағро барои ифротгароёни динии тоҷик дареғ намедоштанд.
Аз рӯи нақшаи тарҳгардида, мебоист ҷанги шаҳрвандӣ дар хонадони кулли тоҷикистонӣ, новобаста аз миллат ворид мегашт. Ҳадафи асосии тундгароёни динии тоҷик ва хоҷагони хориҷиашон аз он иборат буд, ки Тоҷикистонро ба чанд давлат ё минтақаҳои хурд тақсим кунанд. Ҳудуди ҷанги шаҳрвандии тоҷик васеътар гардида, мамлакатҳои ҳамсояи Осиёи Марказиро низ фаро мегирифт. Агар ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳудуди Тоҷикистон баромада ба минтақаҳои водии Фарғона паҳн мегардид, тамоми Осиёи Марказӣ ба ҷангҳои дуру дарози мазҳабӣ ва байниқавмӣ ворид мешуд.
Тактикаи истифодаи неруи тундгаро ва ифротгароёни диниро аз ҷониби доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ, мо дар раванди барҳамдиҳии сохти конститутсионӣ дар Либия, Миср баръало мушоҳида намудем.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ неруе пайдо шуд, ки ҳадафҳои ғаразноки тундгароёни динӣ  ва хоҷагони онро ошкор сохт. Маҳз ҳамин неруи бузург дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки нақшаи геостратегии доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ ҷомаи амал пӯшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ намудани ҷанги шаҳрвандӣ се ҳадафи асосиро дар пеш гузошта буд:
Якум, барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон. 
Мухолифони сиёсӣ роҳбари ҳамондавраи Тоҷикистон Р.Набиевро ба ҳабс гирифтанд ва дар зери таҳдиди куштан маҷбураш карданд, ки ба истеъфо равад. Бо ин ҷинояти худро зидди Конститутсияи Тоҷикистон содир карда, пойдевори ҳуқуқии давлати навбунёдро шикастанд.
Дар раванди музокироти байни Ҳукумат ва мухолифони сиёсӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барқароркунандаи сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад намуданд ва мухолифин ҳамчун сабабгори сарнагуншавии сохти конститутсионии Тоҷикистон. Ин далелро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Яъне, неруҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дар як радиф наистоданд.
Вақте ки мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекарданд, ки онҳо низ тарафдори сулҳу хушбахтии миллати тоҷик ва Тоҷикистон ҳастанд, дурӯғ мегуфтанд. Агар онҳо дар ҳақиқат тарафдори сулҳу субот дар Тоҷикистон мебуданд, ҳеҷ гоҳ Р. Набиевро, ки аз ҷониби халқ ба ҳайси роҳбари давлат интихоб гардида буд, ба ҳабс гирифта, ба ҷони ӯ таҳдид намекарданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳамин амали зишти тундгароёни динӣ ва ҳаммаслакони онҳо дар байни аҳли зиё оғоз гардид. Аз ин рӯ, мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ба паси мизи музокирот нишастани Пешвои миллат маҳз ба хотири барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта буд.
Ҳадафи дуюм аз он иборат буд, ки миллатро сарҷамъ ва дар атрофи ғояе муттаҳид намояд.
Аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба Ватан равона намуд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузарондани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад.
Ҳадафи сеюми стратегияи Пешвои миллат дар раванди ваҳдати миллӣ аз он иборат буд, ки таъсиру нуфузи қувваҳои хориҷиро, ки пайваста ба корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол дахолат ва ба раванди ваҳдати миллӣ монеа эҷод менамуданд, ба тадриҷ барҳам диҳад.
Имрӯз дар мисоли Афғонистони ҳамсоя дидан мумкин аст, ки доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ ба корҳои дохилии ин ҳамсоякишвар мудохила намуда, ба афғонҳо имкон намедиҳанд, ки онҳо музокироти сулҳро оғоз бахшанд.
Аммо мардуми тоҷик бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами худ зиракии сиёсиро аз даст надода, тавонистанд доман задани бозиҳои геополитикии доираҳои манфиатхоҳи хориҷиро пешгирӣ намуда, ба табдил шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба ноамнии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ надиҳанд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат ба ҳамватанони маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ гашт.
Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИҶТ,
Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
мутахассиси пешбари бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи АИҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 205

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед