logo

сиёсат

ДАРСИ ВАТАНДОРӢ

Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Дар ҷараёни мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи кишвар Сарвари давлат аз хатару паёмадҳои терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир сухан ронда, таъкид карданд, ки ин зуҳуроти номатлуб дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардид. Ба таъкиди воқеъбинонаи Пешвои миллат, ин ҳаводис барои ҳамагон бояд сабақомӯз бошад.
Пешвои миллат аз ҳаводиси солҳои аввали истиқлолият, ки гурӯҳе аз бадхоҳони миллат бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон бо мақсади бунёди давлати мазҳабӣ кишварро ба вартаи нобудшавӣ расонда буданд, ёдовар шуданд. Доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо суиистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ кишвари моро гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда, чун нуқтаи ҷангзада ба маърази аҳли ҷаҳон мегузоштанд. Бадхоҳони миллати мо, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Онҳо тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷӣ бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабар аз он, ки теша ба решаи хеш мезананд. Сарвари давлат сокинони кишварро даъват намуданд, ки дар чунин шароит зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша ҳушёр бошанд, зеро ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор месозад, то нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.
Дар вохӯрӣ бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин Сарвари давлат бори дигар оид ба аҳамияти қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти қонунҳои мазкурро талаб намуданд. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат  мо - аҳли ҷомеаро зарур аст, ки баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, боло гузоштани манфиати миллат ва давлат, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешем. Оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхона, ҳаммомҳо бо сартарошхона, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ҳамагӣ дасти ҳам гирифта амал намоем.
Ҳайдар ОДИНАЗОДА,
ректори Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 197

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед