logo

сиёсат

АҚЛИ БЕГОНА МАҒЗҲОИ ТИҲИИ НАҲЗАТИЁНРО БА БОЗӢ МЕКАШАД

Бесаводию гумроҳии аъзои ТТЭ ҲНИ роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ дошта, мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб аст. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст дорад.

Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ муҳраи пиёдагард дар тахтаи шоҳмоти бозигарони сиёсӣ мебошад. Дар бозие, ки ин тоифа кашида мешавад, асло пирӯзӣ нест. Тақдири онон қаблан аз ҷониби «тақдирнависон» - ашон муайян гардидааст. Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғоз пиёдае мебошад, ки ҳатман бояд қурбонӣ шавад. Вазифааш якест: ноором сохтани вазъият дар нуқоти зери назар тавассути хунрезию қатли мардуми бегуноҳ, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ваҳму яъсу ноумедӣ.
Чунин роҳро барои ҲНИ пешвоёни маънавии дохилӣ, ки дар навбати худ аз хориҷи кишвар супориш ва кирояпулӣ мегиранд, роҳандозӣ мекунанд. Ин афрод дар хонаҳои боҳашамату муфарраҳ, серу пур зиндагӣ доранду як умр аз боби хизмат ба ислому шаҳодат дар роҳи ислом шиорпартоӣ мекунанд. Роҳбарон, аъзоён ва фаъолони ТТЭ ҲНИ гирифтори доми тазвир ва фирефтаи гуфтаҳои бегонагон гашта, ба хизмати эшон камар бастаанд ва дар навбати худ афроди зиёдеро гумроҳ намуда, ба ин ҷода мекашанд. Дар ин росто аъмоли онҳо «Як даст ба мусфаҳанду як даст ба ҷом» -ро мемонад.
ТТЭ ҲНИ ҳамеша аз қазияҳо доман тар накарда хушк бурун омаданӣ мешавад. Чунки аҷнабиён ҳаминро тақозо доранд. Барои ҳамин маблағгузориашон мекарданду мекунанд. Вазифаашон ҳамин аст, ки бояд ин миллату ин давлатро соате ором нагузоранд. Дар назари ақидатии онҳо ҷойгоҳи миллат холист. Ҳамеша тахрибкорӣ ва пойбанди андешаи кӯр кӯрона мешавад.
Дарвоқеъ, бидуни шакку шубҳа ТТЭ ҲНИ аз ниҳояти ҷаҳолату бесаводии хеш, пойбанди афкори дигарон гаштааст. Бо талқини дигарон дасти тааррӯз сӯйи оромию сулҳу салоҳ ёзонда, хуни ҳамватанонро рехт, боиси марги чандин ҷавони фиребхӯрда шуд ва мӯҷиби бадбахтии даҳҳо оилаи тоҷик гашт. Амалҳои номатлуби аъзои ин ҳизб боиси нооромии авзои сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар гардида, ҳатто ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонд. Масалан, соли 2010 аз ҷониби иттиҳоди террористии «Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» дар якҷоягӣ бо аъзои ТТЭ ҲНИ, ҳамчунин, раиси бахши ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт ба қатл расонда шудаанд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳи тундгаро дар рехтани хуни бегуноҳоне, ки бо дасти бадкирдорони ТТЭ ҲНИ  кушта шуданд, зоминанд.
Тоату ибодати аъзои ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ холисона набуда, онҳо нияти разилона ва нопок доранд. Дар вуҷудашон амалҳои нафратангезу касиф аст. Дигар таассубу ҷаҳолат, кароҳату ҷиноят ҳастии ТТЭ ҲНИ  - ро фаро гирифтааст.
Рустам РАҲИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 330

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед