logo

фарҳанг

САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Омӯзиш ва таҳқиқи мероси ғании гузаштаи миллати тоҷик барои такомули эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ дар роҳи расидан ба саодати комил яке аз рукнҳои муҳим ва барҷастаи сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Тавре Сарвари давлат таъкид мекунанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Воқеан ҳам, донистан, омӯхтан ва ибрат гирифтан аз таърихи гузашта беҳтарин сабақест, ки он донишу таҷрибаи садсолаҳоро шояд дар бар дошта бошад.
Имрӯз дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ ва афзоиши хатару таҳдидҳои мухталиф ба инсоният посу гиромидошти асолат ва рисолати инсонӣ ва арзишҳои умумибашарӣ аз ҷомеаи муосир назари наву диди фарохро тақозо менамояд. Ба рушди неруи инсонӣ нигаронда шудани моҳият ва муҳтавои тадбирҳои созанда дар ин самт амри табиист.
Яке аз омилҳои муҳими ин тадбир рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, осори мондагор ва тамаддуни волои аҷдодист. Ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ дар иртибот бо фарҳангу маданияти аҷдодӣ ва тамаддуни башарӣ дар раванди посу гиромидошти ҳофизаи таърихӣ муҳимтарин рукни давлатдории миллиро дар даврони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳад. 
Кору пайкор ва рӯзгори арбоби барҷастаи илм, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров тимсоли меҳанпарастии воқеӣ ва садоқати ҷасурона барои ҳифзи ҳақиқати таърихӣ мебошад. Аллома аз зумраи муҳаққиқонест, ки тавассути шоҳасари безаволи худ «Тоҷикон» ва таҳқиқоти арзишманди хеш доир ба маданияти моддию маънавии аҷдодӣ фарҳангу тамаддуни пурғановати моро бо чеҳраи асл ба оламиён муаррифӣ намудааст. Озмуне, ки ба ибтикори рӯзномаи расмии ҷумҳуриамон “Ҷумҳурият” ба муносибати 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 110 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, мақолаҳои зиёдро ба табъ расонд ва ба наздикӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров он ҷамъбаст шуд, ин нуктаро бори дигар тасдиқ намуд.
 Бо вуҷуди таҳқиқоти арзишманди дар соҳаи ғафуровшиносӣ то ба ҳол анҷомёфта ҳанӯз масъалаҳои мубрам дар ин самт мавҷуданд. Бо назардошти ин доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода  таҳқиқоти солҳои охири худро доир ба паҳлуҳои норавшан ва таҳқиқталаби ҳаёту фаъолияти ин олим ва мутафаккири намоён ҷамъбаст намуда, китоберо таҳти унвони «Академик Бобоҷон Ғафуров-муаррих, арбоби сиёсӣ, шарқшинос» нашр кардааст.
Дар раванди таҳқиқ дар баробари таҳлили нақши таърихии шахсиятҳои барҷаста дар рушду такомули ҷомеаи инсонӣ, тарғиб ва таҳқиқи илмии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули  хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, махсусан тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандорӣ муҳтаво ва меҳвари матолиби китобро ташкил додааст. Дар рисола ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти серсоҳаи аллома ва арбоби сиёсӣ аз таваллуд то ба айёми мактабхонӣ ва фарогирии илму дониш дар марказҳои илмӣ - маърифатӣ, аз фаъолияти рӯзноманигорӣ то ба офариниши тадқиқоти бунёдӣ роҷеъ ба таъриху тамаддуни миллати худ ва иртиботи он бо тамаддуни башарӣ, аз иҷрои вазифаҳои ҳизбию ҷамъиятӣ то расидан ба мансаби баланди ҳизбӣ – Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон – тамоми паҳлуҳои кору пайкори арбоби бузурги ҳизбию давлатӣ, илмию эҷодии академик Бобоҷон Ғафуров холисона ва бомуҳаббат баррасӣ гардидаанд. Нашри ин китоб армуғони арзандае ба Ҷашни 110 – солагии академик Б. Ғафуров барои ҳаводорони илмҳои ҷомеашиносӣ ва сазовори ҷоизаи вилоятии ба номи ин олими бузурги тоҷик мебошад.
Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 161

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед