Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР Новости. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан зимни мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин изҳори нигаронӣ кард, ки таҳримот ба муносиботи байни ду кишвар зарар мерасонанд.
Киодо. Мувофиқи охирин маълумоти Сарраёсати полиси Ҷопон, теъдоди қурбониёни ярчу обхезиҳои аз боронҳои сел баамаломада то 216 нафар расида, 27 нафар бедарак аст.
«Советский спорт». «Президент Путин ва Русияро бо баргузор намудани сабқати Ҷоми ҷаҳон, ки дар таърих яке аз беҳтаринҳо шуд, табрик менамоем», - навишт дар твиттер пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон - 2018 президенти ИМА Доналд Трамп.
Vesti.ru. «Шӯрои Аврупо ба Русия барои ба арши аъло расондани ташкили чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори сипос мекунад», - изҳор дошт намояндаи котиби генералии ниҳод Даниэл Холтен.
Gazeta.ru. Аз бархӯрди қатораи мусофирбар бо автомобили сабукрав дар ноҳияи Буини Тотористон се нафар фавтид.
Gazeta.ru. Дар Чин кормандони сохторҳои ваколатдор тӯли нимсолаи гузашта дар қаламрави мамлакат беш аз 9,8 миллион интишоротро бо мундариҷаи мамнӯъ ва ношоиста мусодира карданд, омадааст дар сомонаи Дафтардории умумичинии мубориза бо порнография ва маҳсулоти ғайриқонунии ноширӣ, аудио ва видеоӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 223