Хабарҳо
Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид
ТАСС. - Музокирот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар муҳити ошкоро судманд гузашт, - изҳор дошт президенти ФР Владимир Путин, пас аз анҷоми он, ки дирӯз дар Хелсинки баргузор шуд.
Ба гуфтаи президент, гуфтушунид бо Трамп ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати бартарафсозии вазъияти манфӣ дар муносиботи ду кишвар нишон дод. «Ба ҳама рӯшан аст, ки муносиботи дуҷониба давраи мураккабро аз сар мегузаронад, аммо ин мушкилот, вазъияти шиддатноки баамаломада сабабҳои объективӣ надоранд. «Ҷанги сард» кайҳо анҷом ёфтааст, ҳамчунин, муқовимати шадиди идеологии ду кишвар. Вазъият дар ҷаҳон комилан тағйир ёфтааст, - гуфт Путин дар нишасти матбуотӣ. «Барои ба ифоқа овардани ин вазъият, мубориза бо терроризм, мушкилоти иқтисоди ҷаҳонӣ, экологӣ ва дигар хатарҳо танҳо бо кӯшиши муштарак метавон ба натиҷаи матлуб расид, - таъкид намуд президенти Русия.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 195