Хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона
Тими мунтахаби то 16 - солаи кишвар оид ба футбол дар Қазоқистон ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона гардид.
Дар бозии финалӣ мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов бо дастаи «Шахтёр» - и Қазоқистон қувва озмуда, бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси мо то даври финалӣ дастаҳои «Иртиш U - 17» (Павлодар), «Остона U - 17» ва тими мунтахаби Қазоқистон U-17 - ро шикаст дода буданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқаи мазкур барои футболбозони навраси мо марҳилаи омодагӣ ба чемпионати Осиё – 2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мегардад, ба ҳисоб меравад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 188