logo

Хабарҳо

Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Дирӯз дар шаҳри Фарғона мулоқоти кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.
Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов оид ба масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама, омодагиҳо ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубодилаи афкор намуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ, инчунин, масоили татбиқи тавофуқномаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (моҳи марти соли равон) ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷониби Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Намоишгоҳи миллӣ-саноатии “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки доираи соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол намуд.
Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандии худро ба таҳкими бештари равобити дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ва омодагӣ баҳри амалисозии чораҳои зарурӣ барои боз ҳам муассир ва пурмаҳсул кардани ин равобит таъкид доштанд.
Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити ду давлатро ба сатҳи нав бароварда, уфуқҳои тозае барои густариши минбаъдаи ҳамкории манфиатбахш миёни давлатҳо ва халқҳои ду кишвар боз хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 206

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед