logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1961, Ҷалол Латифовро ба Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аввал ба ҳайси лаборанти калон, сипас ходими хурди илмӣ ба кор гирифтанд ва  ӯ ба тадқиқи шохаи нисбатан нави соҳа – самту равиши шамолҳои кайҳонӣ (дрейфҳо) машғул шуд.
Барои давом додани тадқиқот ва мукаммалтар омӯхтани  нозукиҳои ҳодисаҳои ионосферӣ ба шаҳри Ашқобод ба Пажӯҳишгоҳи физикаи Замин ва атмосфераи  Академияи улуми  Туркманистон  меравад.

Шурӯъ аз соли 1975 ӯ фаъолияти  меҳнатию илмии худро дар Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров мепайвандад. Дере нагузашта дар раванди таълим тағйирот ба амал омад. Таълими астрономия ва физикаи кайҳон ҷоннок гардид. Барои устодони ҷавону донишҷӯёни шавқманд маҳфили астрофизикҳои ҷавон таъсис дода шуд. Онҳо бо роҳбарии устод тадқиқоту мушоҳидаҳо мегузаронданд. Ин сабаб шуд, ки соли 1977 дар назди факултаи физикаи донишгоҳ филиали бахши ионосфераи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таъсис гардад. Бо кумаки бевоситаи академик П. Бобоҷонов аз расадхонаи Ҳисор дастгоҳҳои радиоэлектронӣ ва таҷҳизоти техникии радиовӣ барои тадқиқоти илмӣ ва мушоҳидаҳои кайҳонӣ зарурро оварданд ва онҳоро дар мавзеи Палоси ноҳияи Б. Ғафуров ба кор омода намуданд.
Ҳамин тариқ, Ҷалол Латифов 13 сол сарвари факултет ва 17 сол мудири кафедраи  физикаи назариявии ин донишгоҳ буд.
Беш аз 100 мақолаи илмӣ ва 200 мақолаи илмиву оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба чоп расондааст.
Олими кайҳоншинос, устоди дилсӯз, тарғибгари мумтоз, инсони комил Ҷалол Латифов барҳақ гуфта: «Ман ҳам деҳқонам, аммо ба ҷои донаи зироат тухми илм мекорам. Замини ҳосилхези ман дили шогирдонам аст».
М. ШАМСИДДИНОВ, Ш. ШЕРМАТОВ, Ҳ. САИДОВ, А. ҲОҶИБОЕВ
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 293

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед