logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. БУНЁДУ НАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Тайи солҳои охир дар ноҳия бунёду навсозии иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ вусъати тоза гирифта, дар марказ ва  шаҳраку деҳоти дурдасти он биноҳои наву замонавии муассисаҳои тиббӣ қомат меафрозанд.
Қурбоналӣ Қурбонов, машваратчии маҳаллӣ оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон, гуфт, ки имрӯзҳо ба истиқболи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ таъмиру навсозии муассисаҳои тиббии вилоят идома дорад. Чанде пеш аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар ноҳияи Данғара сохтмони 2 маркази саломатӣ дар деҳоти Навободи Ҷамоати деҳоти Сангтӯда ва Шамолдараи Ҷамоати деҳоти Себистон бо сифати баланд ба анҷом расид. Аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори соҳа қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтору барқ, сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ва меъморӣ мавриди санҷиш карор гирифта, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Давлат Қурбонов, менеҷери КАТС - и ноҳия, иброз дошт, ки навсозии биноҳои марказҳои саломатӣ, аз як тараф барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар метавонад ҷойҳои нави кориро фароҳам орад. Агар то имрӯз дар бунгоҳи саломатии деҳаҳои Навободу Шамолдара ҳамагӣ 2 - 3 корманди тиб фаъолият доштанд, баъди бунёди бинои нав шумораи табибону ҳамшираҳои шафқат ба 13 нафар расида, кори духтурон то андозае сабук гардид.
Ҳар як маркази саломатии навбунёд аз 11 дафтари корӣ иборат буда, дар онҳо ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, таҳлилгоҳ, доругузаронӣ, қабули духтури оилавӣ, момодоя ва дигар иншооти ёрирасон, аз қабили бинои нигоҳдории нақлиёт, манора барои таъмини мунтазами оби нӯшокию корез, чоҳи махсус барои пешгирӣ аз сӯхтор, ҷойи шустушӯву нигоҳдории генератор ва печ барои беза-раргардонии маводи истифодагашта, дар доираи нақшаи меъмории тасдиқгардида ташкил шуда, бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурии тиббию беҳдоштӣ, нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва генератору панелҳои офтобӣ  таъмин мешаванд.
Дар марҳилаи дувум сохтмони ду маркази саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳур ва Корез шурӯъ гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ ва бетонрезиро сомон дода истодаанд. Баъди анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ, шумораи кормандони марказҳои саломатии деҳаҳои Хушдилони Ҷамоати деҳоти Лоҳур ва Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти Корез, ки қаблан аз 4 то 10 - нафарӣ буд, ба 16 нафар расонда хоҳад шуд.    
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 142

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед