logo

иҷтимоиёт

ЗИРАКИИ СИЁСӢ. ДАР ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз ва шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва талош баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллист.
Дар акси ҳол надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ - фарҳангӣ шахсро ба инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ оварда мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал ба нобудсозии арзишҳои фарҳангӣ - маънавӣ даст заданд.
Аз тарафи салафиён шикаста вайрон кардани ҳайкалҳои шахсони намоёни ҷумҳурӣ ба монанди ҳофизони халқии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо ва Дӯстмурод Алиев дар ноҳияи Файзобод ва ҳамин гуна мисолҳо тақвияти гуфтаҳои болост. Инҳо мисоли ягона нестанд. Маҳз бо дахолат ва ҳамкории ТТЭ ҲНИ ҷудоиандозӣ ва тафриқаангезӣ дар кишварамон аввал дар масҷиду ҷамъомадҳо дар водии Рашт сурат гирифт ва минбаъд рафтани ҷавонон ба Сурия ва моил шудани онҳо ба ДИИШ ба вуқӯъ пайваст.
Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҷӯиҳои фаврӣ андешида шуданд.
Барои аз байн бурдани ин зуҳуроти аср мо бояд ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр, дониши мукаммал ва ҷаҳонбинии васеъ дошта, садди роҳи зуҳури ҳар гуна ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ гардем.
Инсон фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаашро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз корҳои баду номатлуб дар канор мегирад. Маҳз ҳамин канорагириҳо шахсро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва инсони комил мегардонад.
Вазифаи асосии аҳли зиёи кишварамон шурӯъ аз омӯзгор то  намояндагони дин, нотиқону воизон, шоирону олимон аз он иборат аст, ки насли наврас, ҷавонон ва дигар қишри ҷомеаро аз хатарзо будани ин амалҳои номатлуб огоҳ намоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ баранд. Бояд баҳри иҷрои ин мақсад ташаббускор буда, бетарафиро аз худ дур созем. Дар ин самт нақши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд басо чашмрас ва бориз бошад. Илму дониш, ҷаҳонбинӣ, ташаккули фикрӣ, худшиносӣ ва дигар малакаҳо ҳанӯз аз курсии мактабӣ шурӯъ мегарданд. Дар дарсҳои омодагии дифоъ, дарсҳои тарбиявӣ ва кушод ҳам аз ватандӯстӣ ва аз чунин зуҳуроти номатлуби замон гуфтан бо намоиши лаҳзаҳои пандомез аз аҳамият орӣ набуда, дар навсозӣ ва мустақилияту бедории фикрии ҷавонон кумаки маънавӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, нақши омӯзгорони фанҳои таърих ва адабиёт дар тарбияи зеҳнӣ ва маънавӣ, ки ба ин мавзӯи муҳими рӯз аз ҷиҳати тарбиявӣ алоқамандӣ дорад, бояд барҷаста бошад. Дар муассисаҳои таҳсилотӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии чунин зуҳурот ба таври доимӣ амалӣ гардад. Ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзӣ минбаре маҳсуб меёбанд барои ҷараён гирифтани тарбияи хонандагон.
Метавон бо боварӣ изҳор намуд, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Убайдулло РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 308

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед