Хабарҳо
КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар кумита рейтинги миллии фазои сармоягузорӣ омода гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар мавриди амал қарор дорад, ки ин тадбир барои баҳогузории саҳеҳи рушди иқтисодӣ ва тамоюлҳои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст. Мувофиқи маълумот то имрӯз дар ҷумҳурӣ 272 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксари он дар маҳалҳои дурдасти мамлакат фаъолият доранд.
Дар ин бора Ёқуб Исмоилзода, муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар посух ба пурсиши хабарнигори «Ҷумҳурият» номбурда изҳор дошт, ки тибқи санҷиши масъулони кумита дар ин давра барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бо сабаби мушаххас набудани сарчашмаҳои маблағгузориашон, дуруст амалӣ нагардиданд. Аз ҷумла, татбиқи барномаҳо дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Тоҷикобод чандон ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 210