Хабарҳо
Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии ҷавонони соҳибистеъдод барои дарёфти ҷоизаи кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологияҳои иттилоотӣ) барои соли 2018 озмун эълон кард.
Дар он адибону рӯзноманигорон, рассомону оҳангсозон, меъморону коргардонҳо ва санъаткорони ҷавон иштирок карда метавонанд.
Маблағи умумии ҷоиза 28000 сомониро ташкил медиҳад. Ба шахсоне, ки сазовори ҷоиза мегарданд, инчунин, диплом ва нишони фахрӣ супурда мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 223