logo

иҷтимоиёт

БИРАВАД АЗ НАЗАРУ ЛЕК ЗИ ДИЛҲО НАРАВАД

Нависандаи зарифтабъ ва ҳаҷвнигори хушсалиқаву маҳфилоро Бурҳон Ғанӣ соли 1938 дар фасли гули зардолу (таъбири худи устод), дар деҳаи Рогифи ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Дере нагузашта аз падару модараш ятим мемонад ва тағоҳояш Аминбеку Мирзосафар тарбияи ӯро ба зимма мегиранд.

Гарчанде дар тифлӣ сахтиҳои зиёде дид, бо вуҷуди ин аз омӯхтани илму дониш лаҳзае дар канор намонд. Зеро ягона роҳе, ки ӯро сӯйи нур мебурд, идома додани таҳсил буд.  Ва ниҳоят мактаби деҳаи Мадрушкатро хатм намуда, ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ як муддат дар маҷаллаи бонуфузи ҳаҷвии “Хорпуштак” ва Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчун муҳаррири барномаҳои адабӣ фаъолият намуд. Баъдан ба маҷаллаи “Хорпуштак” баргашта, то охири умраш дар ин ҷо кор кард. Ҳикояву фелйетон ва памфлету луқмаҳояш дар ин маҷалла нашр шуда, писанди хонандагони сершумор гардиданд.
Бурҳон Ғанӣ табиатан шӯхтабиат буд ва ҳамин аст, ки ӯро дар қатори Сайдалӣ Вализода, Боқӣ Раҳимзода, Ашӯр Сафар ва Мирзо Файзалӣ бо зарофатгӯиву ҳозирҷавобӣ, лаҳни ширину шӯхиҳои намакинаш мешиносанд. Басир Расо дар бораи Бурҳон Ғанӣ нигошта: “Гули маърака буд. Дар суҳбате, ки ӯ ҳузур дошт, ханда гул мекард. Мардум ӯро «Кони гап» мегуфт. Дарвоқеъ, Бурҳон Ғанӣ аз як воқеаи одӣ қиссаҳое месохт, ки сомеаш дар ҳайрат мемонд. Санъати қиссабофӣ ва услуби эҷоди ин ҳаҷвнигор худодод буд. Одами ғазаболудатарин ҳам бо мутолиаи ҳикояву қиссаву латифаҳои намакини Бурҳон Ғанӣ лаб ба табассум мекушоду кӯфти ғамашро мебаровард”.
Ӯ дар ин ҷода пайрави Фазлиддин Муҳамммадиев буд ва мавсуфро устоди хеш мехонд. Асарҳояш аз аввали солҳои 60 - уми асри гузашта рӯйи чоп омаданд ва аз давраи аввали фаъолияташ ҳамчун ҳаҷвнигор шуҳрат пайдо кард. Эҷодиёти ӯ бо сабку услуби хосси эҷодӣ байни дигар ҳамқаламон фарқ мекард. Мавзӯи асосии эҷодиёти Бурҳон Ғаниро ҳаҷви тезутунди муфтхӯрон, қаллобон, фиребгарон ва, умуман масъалаҳои доғи рӯз ташкил медод.
Ҳарчанд Бурҳон Ғанӣ умри тӯлонӣ надид (53 сол), аммо аз худ осоре боқӣ гузошт, ки умри абадӣ дорад.
Ӯ барҳақ яке аз сутунҳои ҳаҷви муосири тоҷик эътироф шудааст ва ҳикояву латифаҳояш дар дили мардум то абад нақш бастаанд.
К. ЗИКРУЛЛО,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 103

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед