фарҳанг
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Пешвои миллат бо ин ташаббуси навбатии худ заминаи бузурге барои рушди ҳунарҳои мардумӣ гузоштанд. Зеро, чуноне ки маълум аст, тоҷикон мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи чунин вижагии миллӣ ва рушди он роҳу усулҳои амалисозии тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи баланд роҳандозӣ месозад.
Албатта, ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд ва ҳар яке таърихи бою рангини ба худ хос доранд. Имрӯз, бо истиқбол аз ташаббуси фарҳангпарваронаи Сарвари маҳбуби давлатамон, моро зарур аст, ки онҳоро боз ҳам хубтару бештар омӯзем, пажӯҳиш намоем ва ташвиқ созем. Чи ҳунарҳои зебо дорем, ки ҳар кадоме, тавре гуфтем, достони худро дорад. Ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманд надошта бошад ва сайёҳе аз он баҳра набарад.
Аз дидгоҳи аксиологӣ баррасӣ намудани масъалаи нақш ва мақоми ҳунарҳои мардумӣ дар дунёи арзишҳои фарҳангӣ барои илман асоснок намудани зарурати рӯй овардан ба он дар шароити рушди техника ва технологияҳои муосир мусоидат мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, бояд мафҳумҳои калидӣ – «ҳунарҳои мардумӣ», «фарҳанги мардумӣ», «фарҳанги миллӣ», «низоми арзишҳои фарҳангӣ» дар иртибот бо якдигар баррасӣ карда шаванд.
Ҳарчанд мафҳуми «ҳунарҳои мардумӣ» ҳамчун як ҷузъи фарҳанги мардумӣ ва фарҳанги миллии тоҷик ба таври гуногун шарҳу тавзеҳ ёфтааст, аммо ин мафҳум ҳанӯз ҳам аз дидгоҳи арзишшиносӣ баррасӣ нашудааст. Таҳлили аксиологӣ имкон медиҳад, ки дар баробари таърифу тавсифи мафҳуми мазкур умумияту бартарии он аз унсурҳои дигари фарҳангӣ, аз ҷумла «эҷодиёти мардумӣ», «эҷодиёти бадеӣ», «ҳунарҳои ҳирфавӣ» ва ғайра нишон дода шавад.
Омӯзиш ва баррасии рӯзгори ҳунармандон дар тӯли таърих нишон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун навъи меҳнат дар инкишофу ташаккули арзишҳои ахлоқие аз ҷумлаи накукорӣ, покӣ, сабру субот ва ғайра нақши ниҳоят муҳим бозида, дар тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд. Ҳунарҳои мардумӣ на танҳо осори санъат ба ҳисоб мераванд, балки ҳамчун арзишҳои эстетикӣ ифодагари тасаввуроти мардум дар боби зебоӣ ва зебоишиносӣ дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ мебошанд.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун як бахши муҳими арзишҳои фарҳангӣ дар ҳалли яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ – барқарор намудани тавозун байни арзишҳои моддию маънавӣ нақши сазовор мегузорад.
Хадича АМИНОВА,
корманди кӯдакистони № 119 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2018 №: 142 Мутолиа карданд: 431