logo

фарҳанг

ОЗМУНЕ, КИ БА НАФЪИ МИЛЛАТ АСТ

Дар чанд шумораи рӯзномаи дӯстдоштаам – «Ҷумҳурият» зери рубрикаи «Беҳтарин шеъри бачагона» ба ашъори нафароне рӯ ба рӯ гардидам, ки пештар аз он шеъре, хосса бачагонаро аз аксари ин муаллифон нахонда будам. Бисёр хуб аст, ки ба василаи ин озмун дар баробари ашъорашон бо сурати онҳо низ ошноӣ пайдо мекунем.

Ташкили ин гуна як озмун саривақтӣ ва ба манфиати миллату адабиётамон мебошад. Чанд муддат, фикр мекунам, ки ба адабиёти кӯдак  таваҷҷуҳ ва низ ғамхорӣ камтар гардида буд. Ин ба рушди минбаъдаи адабиёт ва истеъдодҳои ҷавон метавонист, ки таъсири бад бигузорад. Махсусан, дар замони пешрафти техникӣ муҳаббати насли наврас ба эҷод ва адабиёт кам мегардид. Дар натиҷа дар тарбияи ахлоқӣ ҳиссаи сазовор, балки он тавр ки мебоист,  гирифта наметавонистем.
Адабиёти кӯдак, махсусан шеъри бачагона зеҳнҳоро ба маънии мусбаташ таҳрик медиҳад. Дунёи зебои кӯдаконро дидану аз он навиштан на ба ҳар эҷодкор даст медиҳад. Шеъри кӯдакона бояд мисли худи кӯдакон зебову рангину ҷолиб бошад.
Зарур аст, аз ин як фурсати хубу муносиб ҳар нафаре, ки дилаш ба миллат гарм асту  онро дӯст медорад, хуб истифода бикунад. Ҳамаи эҷодкорони асил, мураббиёни ғамхор, омӯзгорони варзида дар иҷрои тасмиму амали неки рӯзнома саҳм бигиранду ёриашонро дареғ надоранд.
Ҳақ бар ҷониби устоди бузург Мирзо Турсунзода мебошад, ки ба ин мазмун зебову ҳадафрас гуфта буданд: "Халқи тоҷик табиатан шоир аст". Ин ҳақиқатро мо бояд бори дигар собит  бисозем ва бо офаридани асарҳои арзишманд, миллати азизамонро бештару беҳтар муаррифӣ бисозем.
То ин замон дар саҳифаҳои рӯзнома шеърҳои хубу равони Латофат, Мирзо Рустамзода, Нурулло Ориф, Ҷумъагули Назар, Насими Насимӣ ва Шукронаи Тоҳирро мутолиа кардам. Шеърҳояшон равону содаву ҳадафрасанд ва аз бозёфтҳои шоирона орӣ нестанд. Бисёр хурсанд шудам, ки дар ин миён яке, яъне Шукронаи Тоҳир, хонандаи синфи 9-и литсей мебошад. Аз ин даврон истеъдод доштани ӯ бояд боиси хурсандии мо бошад. Хуб мебуд, агар яке аз шоирон ва ё мутахассисон ба тарбияи ин хонандаи боистеъдод машғул бишавад.
Таманно ва дархости инҷониб он аст, ки адибон бо эҳсоси масъулияти бештар ё худ бо дар-ёфти истеъдодҳои ҷавон ва пешниҳоди ашъори хубашон саҳм бигиранд. Тавре дар оғоз зикр кардам, ин озмун бояд озмуни ҳар нафар дӯстдори миллат ва хоҳони ояндаи дурахшони он бошад. Албатта, ман низ дар ин амру нияти нек бевосита саҳм мегирам ва инро қарзи шаҳрвандии худ меҳисобам.
Мирзо Шералӣ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2018    №: 143    Мутолиа карданд: 234

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед