logo

иқтисод

СӮЗИШВОРӢ. ВАЗЪИ ВОРИДОТ ВА ФУРӮШ

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли равон субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ ба ҷумҳурӣ 217,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 92,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 85,9 ҳазор тонна бензин, 17,5 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 8,6 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ва 12,6 ҳазор тонна мазут, ворид намуданд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти наф-тии воридгардида 76,6 дарсад ба Федератсияи Русия,  9,3 дарсад ба Турк-манистон, 9,7 дарсад ба Қирғизистон ва 4,4 дарсад ба кишварҳои дигар рост меояд. ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон», ҶДММ «Сеганҷ» ва Агентии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои хоҷагидоре мебошанд, ки дар бозори мол мавқеи меҳварӣ доранд. Ҳамчунин, аз ҷониби 11 субъекти хоҷагидор ва 1 соҳибкори инфиродӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ наздики 180 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки 81,8 % ё 146,5 ҳазор тоннаашро маҳсулоти Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил медиҳад.
Моҳҳои охир дар ҷумҳурӣ арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба андозаи 15 дарсад ва гази моеъ бештар аз он боло рафт. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки раванди болоравии нарх хусусияти ҷаҳонию минтақавӣ дорад, яъне нархи фурӯши маҳсулот ба нархи хариди он вобаста аст.
Ба андешаи коршиносон, воқеан ҳам, аз моҳи январи соли 2018 нархи сӯзишвории дизелӣ дар корхонаҳои Русия гарон шудааст. Масалан, нархи як тонна сӯзишворӣ моҳи январи соли ҷорӣ дар биржаи байналмилалии шаҳри Санкт - Петербург 40 ҳазору 525 рубли русиро ташкил медод. Имрӯз ин нишондод ба 46 ҳазор рубли русӣ расидааст, яъне назар ба соли гузашта 5338 рубли русӣ ё қариб 90 доллари ИМА зиёд гардидааст.
- Ширкатҳои ватанӣ гази моеъро асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон мехаранд. Нархи гази моеъ ҳоло дар Қазоқистон низ хеле боло рафтааст. Яъне, вақте ки дар кишвари истеҳсолкунанда нарх гарон мешавад, боло рафтани нархи ин маҳсулот дар мамлакати воридкунанда амали маъмулии табиист. Ҷониби Қазоқистон дар бораи гарон шудани нархи газ қаблан ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон огоҳнома равон карда буд. Ба андешаи коршиносони байналмилалӣ, болоравии нархи сӯзишворӣ ҳолати муваққатӣ буда, ба равандҳои мураккаби сиёсӣ ва иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ иртибот дорад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 346
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед