logo

маориф

ҶАВОНОН ВА ТАҲАВВУЛОТИ ЗАМОН

Имрӯз дунё ба таҳаввулоти ғайри қобили тасаввури мо печ хӯрда, равандҳое ба чашм мерасанд, ки басо нигаронкунанда мебошанд. Дар тазодҳо ҳар гуна неруҳо мехоҳанд ҷавононро саҳим донанд, вале неруҳои солим бар инанд, ки ҷавонон аз ҳадафҳои муғризона канор бошанд, орӣ аз мухолифатҳо ва бо ҳамон аҳдофи башардӯстона дунёро аз бадиҳо эмин доранд. Вале авзои кунунӣ баёнгари он аст, ки неруҳои аҳриманӣ бо ҳар роҳу васила дар фиреби ин қишри ҷомеа то ҷое муваффақ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки агар хонанда аз таълиму тарбия дур монду фазои фарҳангӣ ва сиёсӣ холӣ шуд, хоҳ - нохоҳ ба хотири қонеъ сохтани талаботи моддӣ ва маънавӣ ба сӯе майл мекунад.
Имрӯз мактаб вазифаҳои басо бузургро ба зимма дорад. Пеш аз ҳама, тарбияи шогирдони сазовору донишманд. Мо бояд истеъдодҳоро кашф кунем, онҳо дар муҳити мактаб даст ба эҷодкорӣ зананд, дар ҳалли мавзӯъҳое андеша ронанд, ки ба қобилият ва зеҳнияти онҳо такон бахшад. Он гоҳ, худи шогирдон дастовардҳояшонро ба маъраз гузошта метавонанд. Ҳамчунин, дар замони инноватсия тафаккури мактаббачагон хеле пешрав аст, онҳо аз фанни технологияи информатсионӣ калиди олами донишҳоро соҳиб мешаванд.
Мо - омӯзгорон вазифадорем, ки ба ҷавонон таърихи дирӯзу ҳодисаҳои имрӯзро бо далелу бурҳони қотеъ фаҳмонему шарҳу баён созем. Ҷавонони мо ба мафҳуми «терроризму ифротгароӣ» пурра сарфаҳм раванд ва онҳо дар ҷомеа мубаллиғони сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бошанд.

Дилбар БОБОЕВА,
муовини директор оид ба корҳои
тарбиявии МТМУ № 37-и  шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2018    №: 145    Мутолиа карданд: 409

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед