logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Воқеан, ҳаёти узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳабибулло Саидмуродов зиндагиномаи пурбаракату нотакрорест. Дар хотири аҳли оила, хешовандон, дӯстон ва шогирдону ҳамкорон, ӯ як умр чун падари меҳрубону ғамхор, дӯсти ҳақиқӣ ва устоди хайрхоҳ ёд мешавад. Ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи рушди илми иқтисодии мамлакатамон меравад, дар радифи аввалинҳо номи ӯ ба забон меояд. Ин бесабаб нест, зеро дар кулли комёбиву муваффақиятҳои назарраси таърихи илми иқтисоди кишварамон заҳмат ва ҳиммати ин марди наҷиб, яке аз саромадони илми иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ, нақши мондагор дорад.
Ҳабибулло Саидмуродов баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яъне аз соли  1955 фаъолияти худро аз ҳамин муассисаи таълимӣ оғоз карда, солиёни зиёд барои рушди илми тоҷик заҳмат кашидааст.
Ҳаёти илмияш ба пажӯҳиши проблемаҳои таърихи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ алоқаманд буд. Солҳое, ки ӯ ба корҳои илмию эҷодӣ пардохт, барои рушду таҳкими иқтисоди кишвар давраи дорои аҳамияти бузург маҳсуб мешуд. Дар ин давра барои ҷомеа бояд олиме ба таври возеҳ ва бурро принсипҳои иқтисодии сохти навинро эълом намуда, ба роҳи тайкарда дар соҳаи иқтисод баҳои амалӣ медод. Ин корро ӯ ба фарҷом расонд.
Дар баробари ин, ҳаёти ҷумҳурӣ суръати нисбатан баланди инкишофро дар соҳаи электроэнергетика, металлургияи ранга, саноати химиявӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва умуман иқтисодиёт талаб мекард. Иқтидори табиӣ, истеҳсолӣ ва меҳнатии то ба ин вақт барқароргаштаи мамлакат истифодаи пурра ва ҳаматарафаи худро талаб менамуд. Вобаста ба ин зарурияти объективии тадқиқи имкониятҳои самаранок ва муштараки истифодаи омилҳои асосии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба миён омад. Дар натиҷа, соли 1974 аз тарафи кормандони илмии Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии илмии ӯ монографияи сеҷилда: «Омилҳои рушди иқтисодӣ ва пешгӯи самтҳои асосии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давраи то соли 1990-ум» чоп шуд. Ин тадқиқот чун замина барои пурратар аз назари илмӣ асоснок намудани инкишоф ва ҷойгиркунии ҳудудии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ истифода гардид.
Соли  1976  Ҳ.Саидмуродов  узви вобаста ва соли 1987 узви пайвастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб мешавад. Ба қалами ӯ беш аз 400 корҳои илмӣ, аз ҷумла 30 монография, рисола ва китоби дарсӣ мансуб аст.
Соли 1977 бо роҳбарии илмии ин муҳаққиқ монографияи ҳафтҷилдаи «Комплекси территориявию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ» таҳия ва чоп карда шуд. Ин тадқиқот заминаи таҳияи «Нақшаи ташкили комплекси территориявию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ то давраи солҳои 2000 - ум» гардид, ки он аз тарафи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ва Маркази ҳамоҳангсозии илмӣ маъқул дониста, барои истифода пешниҳод гардид.
Соли 1988 академик Ҳ. Саидмуродов ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Афғонистон ба мақсади расондани ёрии илмию амалӣ дар таҳияи консепсияи илмии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат сафарбар карда мешавад. Ҳамин сол вай ҳамкории илмиро бо донишгоҳҳои Ҳиндустон оид ба мушкилоти «Захираҳои табиӣ ва банақшагирии минтақавӣ» идома медиҳад.
Имрӯз, ки мо нуктаи назари худро дар бораи низоми иқтисодии ҷомеаи худ аз нав баррасӣ мекунем, ислоҳоти бунёдии иқтисодӣ мегузаронем, осори илмии академик Ҳ. Саидмуродов барои иқтисодшиносони муосир мароқангезтар ва арзандатар мегардад.

Лутфулло САИДМУРОДОВ,
узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,
Аброр МИРСАИДОВ,
доктори илмҳои иқтисод, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 502

20.02.2020


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед