logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТ АЗ ОИЛА ШУРӮЪ МЕШАВАД

Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳарчанд тамоми кишварҳои ҷаҳон барои решакан кардани зуҳуроти замони муосир - терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳо меандешанд, вале хатари он беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳанпарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод маҳсуб меёфт. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаанд.
Экстремизм дар байни ҷавонон назар ба навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбат ба дигарон ва то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Экстремизми ахлоқӣ бошад, таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накӯкорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пушидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст; сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, надонистани маданият ва фарҳанги миллӣ, фаъолияти диннии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалиётҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ ба миён ояд.
Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хатари зиёд дорад. Ба ҷомеаи кушоди мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Гузашта аз ин, зуҳуроти нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид мекунад. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва бо ин зуҳурот ошно мебошад, ҷонибдори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Ҳодисаҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Агар мо насли наврасро дар оила ва мактаб хуб таълиму тарбия диҳем, оқибати бади терроризму тундгароиро ба онҳо фаҳмонем, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хатарнок намераванд. Аз ин лиҳоз, мо таълимдиҳандагону калонсолон, пеш аз ҳама волидонро лозим меояд, ки дар тарбияи насли наврас масъулиятшинос бошем. Бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро ҷой диҳед.
                                                                                                                
Исломиддин НАРСОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2018    №: 147    Мутолиа карданд: 219

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед