logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Зиёда аз 100 нафар ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуданд. Ин  иқдом бо дастури Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ  гардид.

Зимни боздид аз шаҳри Хоруғ ва  ноҳияҳои Дарвоз,  Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон  ҷавонон  бо иншоотҳои хурду бузурги  маданию маишӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд, шинос гаштанд.
Дар шаҳри Хоруғ ҷавонон чун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон, шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Баъдан, дар назди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшозода зикр  кард, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ғамхории Ҳукумат нисбати ҷавонон зиёд гардида, имрӯз онҳо дар пешрафти  тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагии халқ саҳмгузоранд ва дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳиссаи боризи худро мегузоранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба хираду дониши ҷавонони кишвар баҳои баланд медиҳанд ва ҷавонон ҳам бояд ҷавобан ба чунин ғамхориҳои Роҳбари давлат сазовор бошанд. Сафари имрӯзаи ҷавонон ба вилоят  ҳидоят ба он аст, ки онҳо бояд дар чунин як даврони ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таҳкими ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона талош варзанд.
Баъди ҳамоиш дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили амну суботи кишвар» доир гашт.
Баргузории Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили амну суботи кишвар» аз сиёсати ҷавонпарваронаи ҳукумати мамлакат дарак медиҳад. Аксарияти ҷавонон, ки бори аввал аз ин гӯшаи Тоҷикистон дидан намуданд, бо бунёдкориҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Бадахшон ошноӣ пайдо карданд ва метавон гуфт, ки аз ҳама бисёр меваи шаҳдбори истиқлолиятро мардуми шарафманди Бадахшон чашидаанд.
Меҳмонон аз истиқболи гарму самимии мардуми Бадахшон изҳори қаноатмандӣ намуда,  таъкид карданд, ки чунин сафарҳо ба таҳкими дӯстиву бародарӣ ва ҳамдилию ҳамгироӣ мусоидат намуда, дар пешрафти тараққии кишвар заминаи боэътимод мегузоранд.

Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2018    №: 147    Мутолиа карданд: 230

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед