Хабарҳо
Расадхонаи Шорбулоқ фаъол хоҳад шуд
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳангоми нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои кишвар, аллакай, экспедитсияи нахустинро ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо ва сарчашмаҳои оби Тоҷикистон шурӯъ намуд, ки он мониторинги пиряхҳои кишварро муайян хоҳад кард.
Таъкид гашт, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмии академия ба талаботи давр ҷавобгӯ нест. Тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ низ боз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.
Чуноне Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, академия нақша дорад, ки дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расадхонаи мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғобро фаъол созад. Он дар баландии беш аз 4 ҳазор метр ҷойгир буда, яке аз баландтарин расадхонаҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 182