logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ҶИҲАТИ РУШДИ СОҲА

Бо мақсади  муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла оид ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, муаррифии ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ, захираҳои табиӣ, рекреатсионӣ, имтиёзҳои андозию гумрукии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ роликҳои таблиғотиро таҳия намуд, ки айни замон тариқи шабакаҳои телевизионӣ пайваста намоиш дода мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, аз ҷумла, дар Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон, шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб” ва “Фейсбук” низ таблиғ карда мешавад. Танҳо дар шабакаи “Ютуб” 70 ролику наворҳои тарғиботӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ гузошта шудааст, ки дар онҳо урфу одат, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ва Боғи миллӣ инъикос ёфтааст. Ин роликҳои тарғиботӣ ҳангоми бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз ҷумла  дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии ҷаҳон “”ITB-Берлин” - и Олмон, “Интурмаркет - 2018” ва “МИТТ” - и Русия, зери шиорҳои “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” ва “Хуш омадед ба Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм” пешниҳод шуд, ки аз ҷониби тамошобинону сайёҳон хуш пазируфта шуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар баробари ин, навору роликҳо ва буклету варақаҳои иттилоотӣ бо забонҳои англисиву русӣ ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фиристонда шуда, пешкаши шаҳрвандону сайёҳон мегарданд, ки воситаи мусоид барои муаррифии имкониятҳои туризми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба ҷуз ин, дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кумита як қатор озмунҳо, аз ҷумла, таҳияи маҷмӯаҳои “50 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон” ва “Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон”, беҳтарин мақола, мусаввара ва расмҳо оид ба мавзеъҳои туристӣ, роликҳо ва наворҳои таблиғотӣ, армуғон барои сайёҳон, нақшаи тиҷоратӣ барои рушди сайёҳӣ, беҳтарин ширкати сайёҳӣ, меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ ва беҳтарин роҳбалад, либоси пешхизмат, маҳсулоти зардӯзӣ, чакан, таъому либоси миллӣ ва либосҳо барои сайёҳон бо рамзҳои миллӣ  тариқи воситаҳои ахбори омма эълон намудааст, ки мақсад аз онҳо тарғибу ташвиқи бештари имкониятҳо, мавзеъҳои сайёҳии кишвар ва дар умум, боз ҳам рушд додани соҳа мебошад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 71

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед