logo

маориф

ХОВАЛИНГ. МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Ҳукумати кишвар рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, барои боло бурдани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Пешравиҳои муассисаҳои таълимӣ ва имтиёзҳои барои омӯзгорон фароҳамовардаи ноҳияи Ховалинг далели гуфтаҳои моянд. Тавре дар суҳбат  мудири шуъбаи маорифи ноҳия, Нафиса Сафарова гуфт, довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва берун аз он сол ба сол афзуда, танҳо дар соли гузашта 451 нафар, аз ҷумла 28 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 19 нафар бо Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуданд. Имсол аз шумораи 893 нафар хатмкунандагони 48 муассисаҳои таълимии ноҳия 786 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурдаанд.
Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ба чашм мерасид. Хушбахтона, соли гузашта ин мушкилот бартараф гардид. Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 омӯзгори ҷавон ба шуъбаи маорифи ноҳия фиристода шуд. Онҳо ба ҷойҳои кори доимӣ ва хобгоҳҳо таъмин карда шуданд. Ҳолати иқтисодиву иҷтимоии муаллимон низ сол то сол беҳтар гардида истодааст.
Соли сипаришуда ба омӯзгорони эҳтиёҷманд барои хариди чорво ва занбӯриасалпарварӣ ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Ҳамзамон, 12 омӯзгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид. Дар  давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ ва 28 синфхона таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Лоҳутӣ аз ҳисоби маблағгузории Фонди саудӣ, муассисаи таҳсилотии № 4, бо маблағгузории Олмон дар назди муассисаи № 9 - и деҳаи Текан синфхонаҳои иловагӣ, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кӯҳсор» дар назди мактаби рақами 13 - и деҳаи Сангрезчӣ 10 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин, аз тарафи Дирексияи сохтмонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Титов бунёди муассисаи таълимии асосӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз тарафи соҳибкор Зариф Шарифов дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти Шугнов бахшида ба 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мактаби нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мактаб дорои 16 синфхона буда, дар як баст барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст. Маблағи он мувофиқи лоиҳа 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 251

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед