logo

фарҳанг

"ШОҲНОМА" - ДИРАФШИ ҶОВИДОН

Нигаҳ кун, ки ин нома то ҷовидон,
Дирафше шавад бар сари бихрадон.
Фирдавсӣ

Масоиле, ки дар «Шоҳнома» дарҷ шудаанд, имрӯз низ ҳамчун масъалаи муҳим ва доғи рӯз қобили андеша, дарк ва ҳаллу фасл намудан аст. Аз ҷумла, масъалаи ҷанг ва сулҳ, ки дар «Шоҳнома» бозтоби густурда дорад, имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Неруҳои мухталифи пархошгару ҷангҷӯю вайронгар имрӯз дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд, биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба оташ мекашанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, даҳшатафканӣ мекунанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд. Эшон чун Заҳҳоки морон фаъолият мекунанд, то насли инсонро аз рӯи Замин нест намоянд. Лиҳозо, имрӯз инсоният ба Коваи оҳангар ниёз дорад, то пеши роҳи ҷабру зулму беадолативу хунхориҳоро бигирад, намонад, ки хуни одамони бегуноҳ беҳуда бирезанд. Дар Фаластин, Сурия, Шом, Ироқ, Афғонистон пойдор нагардад, парчами адолат партавфишон нашавад. Дар ин роҳ судҷӯӣ аз «Шоҳнома», аз андешаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ, ки дар боби сулҳу оштӣ гуфтааст ва  ҳар оина ҷангро маҳкум намудааст, барои башар хеле муҳим ва муфид мебошанд. Дар ин замина метавон порчаву байтҳои зиёдеро аз достонҳои мухталифи «Шоҳнома» гулчин кард ва мавриди пажӯҳиш қарор дод:

Туро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,
Фарохӣ макун бар дили хеш танг.
* * *
Ба ҷои ҷаҳон ҷустану корзор
Мабодам ба ҷуз оштӣ ҳеҷ кор.
Фалсафаи озор нарасондан, ки аз Авесто ва осори бостон моя ва поя мегирад, хамирмояи осори адибони мо, аз ҷумла «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ аст. Имрӯз зарурати талқини ин фалсафа аз байн нарафтааст, балки беш аз пеш дар миён мебошад, то ифротиёну мутаассибон ба ҷони инсонҳои бегуноҳ дарнаафтанд, ба ҳар рӯй даст аз куштору қатл кӯтоҳ намоянд.
Аз ин лиҳоз, мутолиаю огоҳӣ аз «Шоҳнома» ва шинохти рамзу роз ва рӯҳу ҷавҳари ин шоҳкории беназир вазифаи муҳим барои мардуми тоҷик маҳсуб мешавад, зеро «Шоҳнома» дар баробари доштани ҷанбаи қавии миллӣ аз ҷанбаи волои инсонӣ низ бархӯрдор буда, барои маърифати башарият низ аз ҳар лиҳоз судманд мебошад. Воқеан, ҳар кишвари мутамаддин, ки бо доштани асаре чун «Шоҳнома» ва шоире чун Фирдавсӣ сари ифтихор ба осмон месояд, ҳар ойина бояд аз ин ганҷинаи афкори воло ва дурахшони миллию инсонӣ, ки ифтихор, худогоҳӣ эҷод менамояд ва дари кӯшоиву пӯёвиву созандагию боландагиро ба рӯи миллат боз менамояд ва паёми ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу дӯстӣ ва ахлоқи ҳамида ба инсонҳо медиҳад, суд биҷӯяд. Хусусан, ба ҷанбаҳои маънавии ин шоҳкории адабӣ, ки одамият, рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек ба мо меомӯзад, мо бояд беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир кунем ва барои таъмини саодати худ ва фарзандони хеш саъю талош бинамоем, бикӯшем, ки онҳо ин шоҳкорро мукаррар бихонанд. Бавижа, ҷавонони кишвар бояд қаҳрамонону паҳлавонони «Шоҳнома» - ро ҳар чи беҳтару бештар бишиносанд ва дӯст доранд, аз ормонҳои миллат, ҷаҳду талоши онҳо барои устувор  кардани  давлати миллӣ, таҳкими қудрати сиёсиву иҷтимоию низомию маънавӣ кӯшиш бинамоянд, озодию шарафу нангу номуси худро ҳифз бикунанд, сарзамини хеш ва халқи худро дӯст бидоранд. Дар ин роҳ «Шоҳнома» ба масобаи як доиратулмаорифи башарӣ чеҳранамоӣ мекунад ва барои ҳар соҳае, ҳар фанне, ҳар мавзӯе маводи судманд ба мо медиҳад, ки аз таҷрибаи инсони хирадманду ақлгаро ва донишманду илмпазир ҳосил шудааст ва аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва барои тамоми замонҳою маконҳо нофеъ мебошад, хусусан барои имрӯзиён, ки дар асри мошин, пешрафтҳои илмиву техникӣ мезиҳанд ва дар баробари муваффақиятҳои чашмгир дар ин заминаҳо ниёз ба омӯзиш ва таълиму тарбияи маънавӣ ва инсонӣ доранд. «Шоҳнома» барои мардуми асри мо, яъне асри ХХI низ метавонад ҳамчун сарчашма ва манбаи ташаккулдиҳандаи шахсият ва сармашқи худшиносӣ, сарбаландӣ ва ифтихор хидмат намояд ва дар роҳи устувору муҳкам ва таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозад, зеро Фирдавсӣ шоири муқтадир ва «Шоҳнома» бузургтарин ҳамосаи миллати мост, ки ҷойгузин надорад. Аз ин рӯ, танҳо аз он метавон ба сурати мукаммал аз гузаштаи дури миллат огоҳ шуд ва бад - ин тартиб миёни гузаштаву имрӯз пул зад, пуле сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, миллӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ.
Мусаллам аст, ки неруҳои мухталифи иртиҷоӣ ва зиддимиллӣ, аз ҷумла чоплусон, хушомадгӯён, шоирони маддоҳу бетафовут, мардумони бетараф, гумроҳон ва ғайра дар ҳар давру замон бар зидди афкори мутараққӣ, бавижа осори шахсиятҳои бузурги илмиву адабии миллӣ, метохтанд, онҳоро сиёҳ мекарданд, паст мезаданд. Аз ҷумла, бар зидди Фирдавсӣ. Имрӯз барои мо зарур аст, ки афкори иртиҷоиро аз мутараққӣ бишиносем ва аҳли иртиҷоро аз аҳли тараққӣ тамиз бидиҳем. Мо набояд ба ин масъалаи ҳаётии миллат, ки ба ҳастии он латма мезанад, бетараф бошем ва аз паси панҷа бингарем. Бояд ба ин гуна сиёсатҳои зиддимиллӣ ва ашхоси ба фарҳанги миллии ақвоми ориёӣ бегона, ки зери парчами дин панаҳ бурдаанд, ҷавоби босавоб, дандоншикану аз фаъолиятҳои зиддимиллии онҳо ҷилавгирӣ намуд ва рафтори номаҳмудашонро маҳкум ва ифшо кард, зеро ҳадафи Фирдавсӣ на ташкили як давлати исломӣ, балки ташкили давлати миллӣ ва арзишҳои миллӣ буд, ки дар «Шоҳнома» мунъакис шудааст.

Ҷамолиддин САИДЗОДА,
адабиётшинос  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 512
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед