logo

иҷтимоиёт

ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ.ҶОЙГОҲИ ОН ДАР МУАРРИФИИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Мавзӯи рушди сайёҳӣ дар нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ соли 2017 ворид гардида буд. Моҳи июли соли гузашта, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи «Саҳми ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди сайёҳии кишвар» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа 23 пешниҳод аз ҷониби ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ - ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ироа гардид,  ки барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар самти рушди сайёҳӣ созгор буд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созанда ва пешбарандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шӯрои ҷамъиятӣ бо шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд 18 июли соли равон дар маркази таълимӣ - истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистони шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёрро дар мавзӯи «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» баргузор намуд.
Дар ҷаласа Р. Аҳмадзода – раиси вилояти Суғд, Ш. Азиззода - мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Н. Саидов - котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳ. Амирбекзода – муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят ва намояндагони ҷомеа иштирок ва андешаву пешниҳодҳои муфидро барои пешбурди самараноки соҳа иброз намуданд.
Ба сифати коршиносони мустақил А. Раҳимов - мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҷ. Юсуфов - директори «Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон» дар шаҳри Хуҷанд, М. Мирзобаҳодурова - директори иҷроияи «Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон» сухан ронда, ҷанбаҳои гуногуни проблемаҳои рушди сайёҳиро дар вилоят иброз намуданд.
Дар мубоҳиса Б. Раҳимова - сардори раёсати  ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», Ш. Ҳасанова - раиси шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар  вилоят, Ш.Сангинов – роҳбари Ширкати сайёҳии “Марғгузор”, И. Музаффаров – директори ҶДММ «Исфарафарфор»-и шаҳри Исфара, Қ. Мирзоева – котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, М. Юсуфов – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳ. Мӯсозода - сархатиби масҷиди “Шайх Муслиҳиддин” - и шаҳри Хуҷанд, С. Фаттоҳзода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва Д. Самадова – раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти соҳа пешниҳодҳои муфид иброз доштанд, ки онҳо дар айни замон аз ҷониби котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор ирсол мешаванд.
Бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии вилоят дар назди толори баргузории ҷаласа намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд доир шуд, ки дар он намудҳои гуногуни маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят манзури тамошобинон гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди устувори сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба имконият ва захираҳои сайёҳии вилоят, ҳавасманд гардондани субъектҳои хоҷагидор ва омодасозии мутахассисони соҳа корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.
Бо қарори раиси вилоят дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ ва дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент бахшҳои рушди сайёҳӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши сайёҳӣ дар маҳалҳо ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Айни замон дар вилоят 24 ширкати сайёҳӣ, беш аз 50 меҳмонхона, 13 осоишгоҳ, 26 осорхона барои сайёҳон хизмат мерасонанд.
Дар қаламрави вилоят, дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузории конфронсу семинарҳо оид ба дарёфти роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳии кишвар ва андешидани тадбирҳои дигари муассир ба роҳ монда шуда, дар ин замина аъзои шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пешрафти масъалаҳои ҳалталаби соҳа саҳми хешро гузошта истодаанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят дорои заминаҳои хуби инкишоф мебошанд.
Тарзу усули ба роҳ мондани чорабиниҳои мазкур дар вилояти Суғд натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоранд ва метавонанд дар дигар минтақаҳои кишвар низ мавриди омӯзиш қарор гиранд.  
Н. САИДОВ,
котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 237

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед