logo

сиёсат

ЧУН ШОҲБАЙТИ ЯК ҒАЗАЛ...

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22. 12. 2017, иброз дошта буданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд”.
Яъне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстӣ дар минтақа ва равуои озоди шаҳрвандон ҷаҳду талошҳои зиёде доранд.
Ҳанӯз пеш аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Самарқанд маросими ботантанаи гузоштани муҷассамаи  Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор  шуд. Муҷассама дар боғи  истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ қомат афрохт. Ин маҷмаа рамзи  дӯстии деринаи халқҳои тоҷику ӯзбек буда, сипардеворҳои равоқдор, гулҳо, дарахтон  зиннатбахши атрофи он мебошанд.
 Аз нав, дар ҷои нав ва бо ороишоти нав барқарор шудани ин муҷассама ибтидои марҳалаи нави раванди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аст. Аввал  бо барқарор намудани муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ дар шаҳре, ки онҳо замоне таҳсили илм карда буданд,  рӯҳи ду мутафаккири бузург  шод гашт. Китоб, ки манбаи дониш, тарбия ва  тарғибгари дӯстии инсонҳост, байни онҳо буда, нигоҳҳои дурандешона ва симои мутафаккиронаи онҳоро қувват медиҳад. Дар ду тарафи муҷассама абёте чанд ба забони ӯзбекӣ ва дар гӯшае, ки дар он расми Ҷомӣ тасвир ёфтааст, ин байт ба забони тоҷикӣ ҳак шудааст:
Барои дӯст ҷонатро фидо кун,
Валекин дӯст аз душман ҷудо кун.

Дар арафаи Ҷашни 140 - солагии устод Садриддин Айнӣ Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифта буд, ки  дар шаҳри Самарқанд хона - музеи устодро таъмир мекунанд, барои анҷоми ин кор 300 миллион сӯм ҷудо намуд. Дар ин ҷо бисёр асарҳои ӯ, аз ҷумла “Одина” (1924), романҳои “Дохунда” (1927 - 1928), “Ғуломон” (1934), повестҳои “Марги судхӯр” (1937), “Мактаби куҳна” (1934), “Ятим” (1940) эҷод шуда, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Қариб 35 соли умри устод дар шаҳри Самарқанд гузаштааст.
Дар солҳои 20-уми асри XX аз сабаби кам будани кормандони адабӣ бештари шеъру мақолаҳо дар саҳафоти маҷаллаи "Шуълаи инқилоб" ба забони тоҷикӣ  ва рӯзномаи "Меҳнаткашлар товуши”  ба забони ӯзбекӣ бо имзои устод С. Айнӣ рӯи нашр меомаданд. Шарқшинос ва адабиётшиноси шӯравӣ И. С. Брагинский навиштааст, ки Айнӣ қариб тамоми осорашро ба ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ  навиштааст, тақдири таърихии ин ду халқ, ба гуфтаи ӯ, чунон зиёд дар омезиш аст, ки дақиқан муайян намудани баъзе аз воқеоти таърихӣ қариб, ки имкон надоранд, зеро ба ҳар ду халқ тааллуқ доранд. Аз ин гуфтаҳо маълум аст, ки  тоҷикону ӯзбекон дар тӯли таърих то чи андоза ба ҳам наздик, ҳамақида ва дар ҳолатҳои вазнин аз як сангар истода, бо душмани умумӣ муборизаҳо бурдаанд ва  рехтани таҳкурсии „қасри дӯстӣ”- и онҳо ҳанӯз аз гузаштаи хеле дур оғоз ёфтааст, ин бино дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир хеле ҷаззоб аст.  
Устод Айнӣ баҳори соли 1953 ду қисми "Ёддоштҳо" - ро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Мисоли дигар, „Ғуломон”- ро нахуст ба забони ӯзбекӣ навиштааст. Замоне, ки пантуркистон Айниро миллатгаро хонданд, ӯ тавонист тавассути нашри баъзе асарҳояш ба забони ӯзбекӣ муҳити дӯстиро дар байни ин ду халқ нигоҳ дорад ва баъдан онро вусъат  бахшад. Муносибатҳои хеле дӯстонаи устод С. Айнӣ бо адибони ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом ва дигарон мисоли равшанест дар таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон.
Дар  мақолае Ғафур Ғулом  дар бораи хизматҳои ӯ барои худи шоир ва адабиёти ӯзбек  С. Айниро устод хондааст ва он хизматҳоро дар мақолае бо номи „Устоди муҳтарам" баён кардааст ва аз дӯст будан бо  Айнӣ худро хушбахт донистааст.
Рӯзҳои 9 - 10 марти соли равон сафари давлатӣ ва таърихии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънии томаш нақши калидӣ бозид. Ӯ, аз ҷумла дар бораи сафараш ба кишвари офтобии мо чунин гуфт: “Сафари ҳозира ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 27 сол ба сифати сафари давлатӣ  амалӣ мешавад, он ҳамчун имконияти баланд бардоштани ҳамкориҳои мо дар сатҳи сифатан нав дида мешавад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар “Шоми дӯстӣ” бахшида ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтаанд: „Робитаҳои гуногунҷабҳаи байни тоҷикону ӯзбекҳо бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин, хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намудаанд.”
Имрӯзҳо дар саҳифаҳои матбуот дар бораи робитаҳо дар соҳаҳои гуногун байни Тоҷикистону Ӯзбекистон хабару мақолаҳои зиёд ба нашр мерасанд. Хатсайри ҳавоии Душанбе - Тошканд, барқарорсозии фаъолияти роҳи оҳани қитъаи Ғалаба - Амузанг, ҳаракати автобусҳо аз  Хуҷанд ба Тошканд, кушодашавии маркази савдои "Самарқанд” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  ва ба ин монанд даҳҳо навгониҳо далели рӯз аз рӯз таҳким ёфтани муносибатҳои дӯстӣ буда, умеди мардумро ба ояндаи нек зиёдтар месозад. 
Ба қавли шоир:
Ёру бародар аз азал ӯзбеку тоҷик,
Чун шоҳбайти як ғазал ӯзбеку тоҷик.

Мурод ҶУМЪАЕВ,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ноҳияи Айнӣ, деҳаи Мадм


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 428

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед