logo

фарҳанг

ҲИКОЁТИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН”

Таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи нашриявии “Адиб” китоби нави адиби табиатшинос ва рӯзноманигор Маҷид Салим ба нашр расид, ки оид ба олами набототу ҳайвоноти нодири Мамнӯъгоҳи  давлатии “Бешаи  палангон” нақл мекунад.
Китоб ба 80 - солагии таъсисёбии  мамнӯъгоҳ, ки моҳи ноябри соли равон ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст. Мамнӯъгоҳи  давлатии “Бешаи  палангон” 4 ноябри соли 1938  бо қарори Комиссариати халқии зироати  Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ дар ҳамон давра аввалин  мамнӯъгоҳ маҳсуб мешуд, ки бо мақсади ҳифзи муҳити  табиии поёноби дарёҳои Осиёи Миёна, бахусус дарёи Вахшу Панҷ, ҳамчунин,  гузарондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои мониторингӣ ташкил шудааст.
Мамнӯъгоҳ дар қисми ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ, дар резишгоҳи дарёи Вахш ҷойгир аст. Тибқи тақсимоти маъмурӣ аввал қисмати рости он ба ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз, қисмати чапаш ба ноҳияи Қумсангир дохил мешуд. Айни замон, ҳудуди мамнӯъгоҳ ба ноҳияҳои Дӯстӣ ва Қубодиён тааллуқ дорад.
Дар Мамнӯъгоҳи давлатии “Бешаи палангон”  дар қатори ҳайвоноти нодир мурғи даштӣ, тазарв, 33 намуд ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ, 26 намуд хазандаҳои гуногун, ки хеле нодиру камшуморанд, ҳифз карда мешаванд. Ин мамнӯъгоҳ, инчунин, дорои морҳои куброи осиёимиёнагӣ, гурза, мори афъии регзор,  тирмор,  тимсоҳи биёбонӣ ва  сусмор аст.
Тавре дар сарсухани китоби “Ҳикоёти “Бешаи палангон” навишта шудааст, хонанда тавассути ҳикояҳои ҷолиби он бо ин гӯшаи афсонавии ватанамон шинос гардида, дар бораи олами наботот, ҳаёти ҷонварону парандагон ва табиати нотакрори  Тоҷикистон маълумоти муфассал  пайдо мекунад.

Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 123

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед